23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Фаъолияти шаҳрсозиро ба танзим дарорем

843
Фаъолияти шаҳрсозиро ба танзим дарорем
Рӯзи 15 феврали соли 2018 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти шаҳрсозӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пешгирии қонуншиканиҳо ва саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин пешбурди назорати доимии сифати корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ семинар-машварат дар мавзӯи “Риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ” баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Дирексия оид ба сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ, Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон, Иттифоқи меъморон, вазорату идораҳо, сармеъморон, фармоишгарон, роҳбарони муассисаҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок доштанд.
Фаъолияти шаҳрсозиро ба танзим дарорем
Дар сухани ифтитоҳии худ Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуд, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дастовардҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардида истодааст. Дар мӯҳлати начандон тӯлонӣ бузургтарин корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷараёни тоза гирифта, иншооти зиёди дорои аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуданд, ки ин ба андешаи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ифодагари сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷамшед Ҷалол ҳамчунин ёдрас кард, ки масъалаи ҳангоми лоиҳакашии бинову иншоот истифода бурдани маҳсулот, таҷҳизот ва мебели ватанӣ, то ба имрӯз ба таври бояду шояд иҷро нашудааст. Дар супоришҳои лоиҳасозӣ ва меъморӣ-нақшабандӣ истифодаи мавод ва масолеҳи номбурда ба инобат гирифта намешаванд.
Фаъолияти шаҳрсозиро ба танзим дарорем
– “Бояд қайд намуд, ки кулли роҳбарони соҳа ба масъалаи ба кор ҷалб намудани мутахассисони болаёқат, баланд бардоштани малака ва савияи дониши кормандон, такмили ихтисос ва ба бозомӯзии онҳо умуман аҳамият намедиҳанд.
Ин аст, ки Пешвои миллат дар Паёми худ дар бахши меъмориву шаҳрсозӣ оид ба додани аҳамияти аввалиндараҷа ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ дастур додаанд.
Ҳамзамон, чанде пеш Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дастур дода шуд, ки ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳамаи мо - масъулон бояд ин супоришро сармашқи кори худ намуда, барои таъмини иҷрои он ҳаматарафа кушиш ба харҷ диҳем” – изҳор дошт Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол.
Фаъолияти шаҳрсозиро ба танзим дарорем
Искандаров Файзулло сардори Раёсати шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин семинар-машварат баромад намуда, гуфт, ки имрӯз дар соҳаи шаҳрсозӣ камбудиҳои ҷиддӣ низ то ҳол ҷой доранд. Таҳлилҳо нишон дод, ки дар қаламрави бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бе риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бе дастрасии қарори дахлдор ва ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда корҳои сохтмонӣ ба роҳ монда шудаанд, ки чунин биноҳо аз нигоҳи меъморӣ ва банақшагирӣ ҷавобгӯи талаботи имрӯза намебошанд. Ҳамзамон, ба устувории чунин биноҳои сохташуда ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад.
Дар идома сардори Раёсати шаҳрсозӣ диққати ҳозиринро ба “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” ҷалб кард. Ў гуфт таҷриба нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои асосии таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, ин арзёбӣ ва назорати пайваста оид ба вазъи корҳо ва тағйиру навгониҳо дар соҳа мебошад. Дар ин асос метавонем камбудию норасоиҳои соҳаро ошкор намуда, ҷиҳати ҳалли онҳо чораҳои мушаххас андешида, мунтазам оид ба ҳолати мавҷуда маълумоти саривақтию амалӣ ба даст оварда шавад.
Мақсади пешбурди кадастри шаҳрсозӣ ва мониторинг таъмини мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ бо иттилооти дақиқ оид ба фазои фаъолияти корӣ, тағйироти дар он пешбинишуда, аз ҷумла маҳдудияти истифодабарии ҳудуд ва иншооти ғайриманқул дар шаҳрсозӣ, сармоягузорӣ, заминсозӣ ва фаъолияти дигари хоҷагидорӣ зарур, баҳодиҳӣ ва андозбандии иншооти ғайриманқул мебошад.
Дар соли 2017 аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ теъдоди зиёди санҷишҳо гузаронида, ҷаримабандии вайронкунандагони меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ гардидаанд, вале ҳодисаҳои аз руйи лоиҳаҳои нопурра, бе хулосаи ташхисӣ ва бе иҷозат сохтани биною иншоот то ҳол вуҷуд доранд.
Фаъолияти шаҳрсозиро ба танзим дарорем
Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои пешгирии онҳо Табарзода Раҳматулло сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита дар ин семинар-машварат суханронӣ намуд.
Табарзода Раҳматулло семинар-машварати соҳибкорон ва субъектҳои фаъолияти шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакаширо мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки ин имконият медиҳад, то иштирокчиёни семинар ба фаъолияти сохтмонӣ ва таҷрибаи дар ин самт андӯхтаи ҳамдигар шинос шуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи меъморӣ ва сохтмон тадбирҳои манфиатбахшро роҳандозӣ намоянд.
Дар асоси тартиби гузаронидани экспертизаи давлатӣ, барои ташхис бояд фармоишгарон лоиҳаҳоро бо қарори мақомоти иҷроия, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуҷҷатҳои пурраи лоиҳавӣ, шартҳои техникӣ, супориши меъморӣ-тарҳрезӣ ва хулосаи омӯзишҳои муҳандисӣ пешниҳод намоянд. Вале дар натиҷаи пурра пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои зикршуда баррасии лоиҳаҳо, аз он ҷумла иншооти аҳамияти стратегӣ дошта вақтҳои зиёд тул кашида, боиси пайдо гардидани ҳар гуна овозаҳои бардуруғ нисбати Раёсати экспертизаи давлатӣ ва экспертон мегарданд.

Фаъолияти шаҳрсозиро ба танзим дароремИн нуктаро сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ Саъдуллозода Сӯҳроб Файзалӣ қайд намуда, ёдрас кард, ки дар баъзе ҳолатҳо фармоишгарон иншоотро дар асоси лоиҳаҳои аз экспертиза нагузашта, балки дар асоси манфиатҳои худ сохта, ошёнаву биноҳои иловагӣ зам менамоянд. Ҳолатҳое ҷой доранд, ки пас аз қабули лоиҳаҳо бо фармоишгарон алоқа канда шуда, онҳоро пайдо намудан мушкил мегардад, вале онҳо ба тамоми мақомотҳои давлатӣ ҳисобот медиҳанд, ки гуё лоиҳаҳо дар баррасии экспертиза қарор дорад. Аммо дар асл лоиҳаҳои онҳо аз сабаби пурра набудан гардонида шудааст, ё ин ки аз сабаби буҷавӣ будану аҳамияти давлатӣ доштан мавқуф гузошта шудааст.
Инчунин вақтҳои охир ҳангоми додани эродҳо тибқи меъёрҳо, муайян гардид, ки лоиҳакашони ташкилотҳо ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин нестанд ва аз таҳияи меъёрҳои нав хабар надоранд. Аз ин рӯ пешниҳод мешавад, ки ҷиҳати таъминшавии тамоми ташкилоти лоиҳакашӣ аз руи самти кориашон ба меъёрҳои нав зери назорат гирифта шуда, бозомӯзии онҳо дар ташкилотҳо роҳандозӣ шавад, зеро таҳия, мувофиқакунӣ ва ҳамзамон ташхиси лоиҳаҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ амалӣ мегардад.
Фаъолияти шаҳрсозиро ба танзим дарорем
Раиси Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон Раҷабов Файзалӣ зимни баромади худ хотирасон кард, ки сарвари давлат таъкид намуда буданд, ки таҷрибаи Кумитаи меъморӣ ва Ассотсиатсияи сохтмончиён баҳри дастгирии соҳибкорон ва рушти соҳа дар дигар вазорату ташкилотҳо амалӣ карда шавад, зеро дар асоси барномаи дастгирии сохтмончиён тамоми қоидаву қонунҳо ба танзим дароварда шудааст, ки имрӯз барои соҳибкор монеае нест. Танҳо проблемаҳои сохтмончиёни кишвар дар соли гузашта ин кам шудани ҳаҷми соҳаи сохтмон дар маҷмӯи маҳсулоти дохила ва кам шудани сохтмони ба истифода додашуда буд ва зарур аст, ки ин мушкилот бартараф карда шаванд.
Дар охири семинар-машварат Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол иброз намуд, ки сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро дар пешрафти соҳаи шаҳрсозӣ аз рӯи чорабиниҳои тасдиқгардида равона намоянд ва бо дарки баланди масъулият ба ояндаи кишвар фаъолият бурда, дастуру супоришҳоро дар ҳаёт татбиқ намуда, барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ, сохтмони иншооту биноҳои нав бо риояи талаботи санъати баланди меъморӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Д.Табарова,
"РБ"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво