28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соли рушди сайёҳӣ - роҳи баланд бардоштани иқтисоди маҳал

676
Дар нишасти муштараки Пажӯҳишгоҳи «Шаҳрофар» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» рӯзи 7 феврали соли 2018 нуктаҳои муҳим ва мақсадҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳ дода шуд.
Давлатов Абдуқодир муовини директори КВД «Лоиҳакаш» ба вазъи печидаи ҷаҳон ишора карда, гуфт, ки Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои кушода мавқеи худро устувор нигоҳ доштааст. Ин аст, ки беш аз 150 давлати ҷаҳон Тоҷикистонро мешиносанд ва дар аксар давлатҳо сафоратхонаҳои худро дорад ва узви созмонҳои байналхалқист.
Соли рушди сайёҳӣ - роҳи баланд бардоштани иқтисоди маҳал
Давлатов А. мақсад аз эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъсиси ҷойҳои кории нав ва даромад ба буҷаи оилаҳо аз ҳисоби ба сайёҳон пешниҳод намудани маҳсули ҳунарҳои мардумӣ хонд.
Соли рушди сайёҳӣ - роҳи баланд бардоштани иқтисоди маҳал
Соли рушди сайёҳӣ - роҳи баланд бардоштани иқтисоди маҳал
– «Ҷавонон аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик камтар огоҳ ҳастанд ва бо роҳи эҳёи дубора ва тарғиби ин ҳунарҳо мо метавонем ҳунару истедоди ниёгони худро зинда нигоҳ дорем. Аз андоз озод намудани маҳсулоти аз ин ҳисоб офаридашуда, як роҳи баланд бардоштани иқтисоди маҳал мебошад. Мо низ вазифадор ҳастем, ки мақсадҳои самараноки Паёмро ба наздикон ва атрофиёни худ бифаҳмонем», - илова намуд муовини директори КВД «Лоиҳакаш».
Ҳамин тавр, нишасти муштараки Пажӯҳишгоҳи «Шаҳрофар» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» бо ибрози назарҳо ҷамъбаст гардид.
Мухбири "Рӯзномаи бинокорон"




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво