20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таъиноти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

1612
Таъиноти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои барканор ва ба вазифаҳои нав таин намудани кормандони Кумита, нишасти васеи роҳбарони корхонаву ташкилотҳои дастгоҳи марказии Кумита баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иштирок ва суханронӣ намуда, қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шудани Окимбекова Зӯҳро Фозилбековнаро қироат намуд.
Таъиноти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Шаҳнози Ибодулло таин гардид.
Ҳамин тавар, бар асоси супориши Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018 Султонзода Мирзо Султон директори КВД «Лоиҳакаш» ва муовини ӯ Давлатов Абдуқодир Давлатович бино бар сабаби ба нафақа баромадан аз мансаби ишғолнамудаашон озод карда шуданд.
Таъиноти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

Дар мувофиқа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Дилшод Шарифӣ аз 9 феврали соли 2018 ба вазифаи директори КВД «Лоиҳакаш» - и Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таин карда шуд.
Дар охир, Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Ҷамшед Аҳмадзода ба собиқадорони Кумита изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки мактаби эшонро барои беҳтарнамоии кори сохтмон ва меъморӣ истифода хоҳанд кард ва аз рӯи фармоиши Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2018, №15 барои фаъолияти пурмасъулу самаранок ва саҳми босазо гузоштан дар рушти соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон Окимбекова Зӯҳро Фозилбековна, Султонзода Мирзо Султон ва Давлатов Абдуқодир Давлатович бо ифтихорномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон сарфароз гардонида шуданд.
Таъиноти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
Таъиноти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
Таъиноти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон


Мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво