19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Чин барои мактаби Данғара обанбор ва нуқтаҳои обрасонӣ месозад

642
Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 7 феврал Созишномаи кумак барои амалисозии лоиҳаи бо об таъмин кардани мактаб дар ноҳияи Данғараро ба тасвиб расонд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, ки санади мазкурро дар назди вакилон шарҳ дод, гуфт, ки Созишнома моҳи феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Дар доираи татбиқи Созишномаи мазкур Чин барои таъмини мактаби таҳсилоти умумии рақами 42-и деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати Корези ноҳияи Данғара ба маблағи 12,5 миллион юан, муодил ба 17,3 миллион сомонӣ кумаки техникӣ мерасонад.

Зикр гардид, ки дар бунёди обанбор ва нуқтаҳои обрасонӣ, ки масофаи 5 километрро ташкил медиҳад, алҳол 25 коргари маҳаллӣ ва 7 нафар мутахассисони чинӣ фаъолият менамоянд. Интизор меравад, ки лоиҳаи мазкур то охири моҳи август ба анҷом расонида шавад.

Хотиррасон менамоем, ки мактаби мазкур моҳи марти соли 2014 бо маблағгузории Чин барои 640 хонанда дар як баст ба истифода дода шуда буд Дар маросими ифтитоҳи мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво