29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ихтисосҳои нав дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

962
Дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар донишкада таҳти унвони «Рушди сайёҳии байналмилалӣ» ихтисоси нав ҷорӣ намояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода иттилоъ дод.

Мавсуф зикр кард, ки дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи 37 ихтисос, ки самташон ба бахши иқтисод ва молия нигаронида шудаанд, барои бозори меҳнат мутахассисон омода гардонида мешаванд.

Ҳоло дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 7 ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуда, 1654 нафар тариқи буҷавӣ, 5281 нафар тариқи шартномавӣ ва 28 нафар донишҷӯ тавассути квотаи президентӣ таҳсил менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво