18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мукофоти олӣ муборак!

2072
28 августи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонид.

Ба ин муносибат дар толори калони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд иштирок намуд.

Мукофоти олӣ муборак!

Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ҳозиринро хайрамақдам гуфта, изҳори хурсандӣ намуд, ки пешниҳоди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барои мукофотонидани сардори идораи сохтмони асосии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Саидбеков Бобобек бо медали «Хизмати шоиста» дастгирӣ гардид.

Мукофоти олӣ муборак!

Саидбеков Бобобек соли 1953 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) соли 1976 дар кафедраи технологияи металлҳои Институти мазкур оғоз намуда, сипас дар ноҳияи Мастчоҳ ба сифати мудири устохонаи таъмир ва механики соҳаи кишоварзӣ то соли 1990 фаъолият намудааст. Дар ин давра дар пешбурди корҳои муҳандисию техникӣ, истифодабарӣ ва таъмиру нигоҳубини техникаҳои соҳаи хоҷагии қишлоқ саҳми босазо гузошта, соҳиби обрӯ ва эҳтироми аҳолӣ гаштааст. Аз соли 1990 инҷониб ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ омада, нахуст ба сифати сармуҳандиси хоҷагии коллективии ба номи Х.Сангинов ва баъдан ҳамчун сардори хоҷагии деҳқонии ба номи С.Шарифов кор кардааст. Аз соли 2004 инҷониб ба ҳайси сардори идораи сохтмони асосии ноҳия фаъолият мекунад. Дар ин муддат фаъолияти соҳаи сохтмонро дар асоси талаботи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба роҳ монда, барои рушду нумӯъи он, баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Натиҷаи кӯшиши ӯ буд, ки шумораи мутахассисони соҳаи сохтмони ноҳия афзуда, ташкилотҳои сохтмонӣ аз 1 адад ба 5 адад расонида шуда, пурра ба фаъолият пардохтанд, ки аксарияти онҳоро кадрҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Саидбеков Бобобек дар давоми фаъолияти меҳнатиаш худро ҳамчун инсони хоксор, мутахассиси пуртаҷриба, тарбиятгари ҷавонон ва дилсӯзи соҳа нишон дода, дар ноҳия соҳиби эҳтироми зиёд гардидааст. Саҳми Саидбеков Б. дар соҳаи сохтмони ноҳия назаррас мебошад.

Бо назардошти ин хизматҳо, номзадии Саидбеков Бобобек барои сарфароз гардонидан бо медали «Хизмати шоиста» арзанда ҳисобида шуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд мукофоти давлатӣ- медали «Хизмати шоиста»-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Саидбеков Бобобек супорид.

Мукофоти олӣ муборак!

Дар охир Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. ба Фаррух Маҳмуд барои иштирок дар ҷаласаи тантанавии Кумита изҳори миннатдорӣ намуда, бо эътимоди қавӣ аз номи ҳамаи сохтмончиёну меъморон ва лоиҳакашон, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонд, ки дар оянда низ бо дили гарму нерӯи созанда баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон содиқона хизмат хоҳем кард.

Д.Нурзода,мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво