20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

964
Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» оид ба ҷамъбасти фаъолияти худ дар соли 2017 нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Дар нишаст Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҳалимзода Абдукарим Муовини якуми Раиси Кумита, Окимбекова Зӯҳро Муовини Раиси Кумита ва дигар роҳбарони ташкилоту идораҳо ва зерсохторҳои системаи марказии Кумита, инчунин, намояндагони нашрияҳои «Минбари халқ», «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Рӯзномаи бинокорон» ва радиоҳои «Ховар», «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», АИ «Ховар», «Авесто», телевизионҳои «Сафина», «Ҷаҳонннамо», ШТР «Мир» ва дигар ВАО – и кишвар иштирок намуданд.
Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зимни баромади худ Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ба журналистон гуфт, ки соли 2017 бо баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва таҷлили бошукӯҳи санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла 20 - солагии Ваҳдати миллӣ, 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 - солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 - солагии қабули Парчами давлатӣ ва “Соли ҷавонон” барои мо соли басо хотирмону таърихӣ буд.
Кумита барои соли 2018 дар назди худ вазифаҳои мушаххас гузоштааст, ки ҷиҳати рушди соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ, ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизи мо ва баланд бардоштани санъати меъморию шаҳрсозӣ равона хоҳад шуд.

Тӯли ин муддат дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон амалҳои созанда, сулҳу суботи комил ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварамон, аз ҷумла ваҳдати миллӣ вусъат ёфта, барои идомаи раванди рушди босуботи мамлакат заминаҳои устувор гузошта шуданд.
Баъд аз маърӯзаи Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, намояндагони ВАО ба суолҳои худ ҷавоб гирифтанд, ки мо фишурдаи онҳоро меорем:
Ба саволи Усмон Раҳимзода аз нашрияи “Тоҷикистон”, ки дар иншооти шаҳр кадом ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дида мешавад ва чаро даҳ сол аст, ки сохтмони биноҳои хонаҳои истиқоматӣ дар хиёбони С. Шерозӣ ба анҷом нарасидааст?, Раиси Кумита чунин посух дод, ки - Соли гузашта дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ 3286 санҷиш гузаронида шуд. Аз он ҷумла дар иншооти сохташавандаи ш. Душанбе. Имрӯз мо дорои 2 озмоишгоҳ ҳастем, ки метавонем сифати маҳсулоти сохтмониро санҷида бароем. Натиҷаи санҷишҳо нишон доданд, ки сифати масолеҳи сохтмонии иншооти сохташавандаи ш. Душанбе ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд ва мо маълумотҳоро ба МИҲД ш. Душанбе пешниҳод кардаем,- гуфт Аҳмадзода.

-Бештари камбудиҳои ошкоршуда боиси аз экспертизаи давлатии сохтмон нагузаштани лоиҳаҳои сохтмонӣ мебошанд, ки сохтмонашон бо супоришҳои фаврӣ рӯи кор омадаанд. Дар баробари ин мо боз дар Хадамоти экспертиза гуруҳҳои корӣ ташкил намуда, рӯи лоиҳаи ингуна иншоот кор бурда истодаем. Дар умум, 177 камбудии бомҳои биноҳо, 430 камбудии сохтмони деворҳо, 405 камбудии пардозгарӣ, 100 камбудии корҳои сантехникӣ – барқӣ, 211 камбудии таъмири сохтмони роҳҳо, 668 камбудии ҳуҷҷатгузорӣ, 55 камбудии назорати муаллифӣ намбурдан ва 119 камбудии сифати масолеҳи сохтмонӣ, 64 камбудии корҳои меъморӣ, 67 камбудии ҷумҳуриявии биноҳои бе хулосаи экспертиза ва камбудиҳои дигар дар бахшҳои гуногун ошкор карда шудаанд.
- Ҳарчанд корҳои сохтмонӣ дар биноҳои хонаҳои истиқоматии хиёбони С. Шерозӣ бо сабабҳои маблағгузорӣ суст рафта истодааст, аммо аз тарафи МИҲД ш. Душанбе супориш шудааст, ки он дар соли 2018 ба истифода дода шаванд, посух дод ба саволи хабарнигор Раиси Кумита.
Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Неъматулло Худойбахш аз рӯзномаи «Минбари халқ» бо саволи чаро бо вуҷуди сохтмонҳои зиёд дар ш. Душанбе ҳанӯз ҳам нархи хонаҳо баланд аст, муроҷиат намуд. Ба ин савол сарвари бинокорони ҷумҳурӣ чунин посух дод, ки аз рӯи маълумотҳое, ки мо дорем, нисбати соли 2010 нархи хонаҳо аз 35 то 40% поён рафтааст. Мушоҳида мешавад, ки солҳои охир сохтмонҳо кам шуда истодаанд ва ин талаботро бештар мекунад. Вақте талабот зиёд шуд, дар фазои бозоргонӣ нарх ҳам боло меравад.
Сайфулло Суннатӣ аз рӯзномаи «Садои мардум» оид ба таваҷҷуҳи Кумита ба лоиҳаҳои нав ва омилҳои энергиясамаранокӣ суол дод ва посухи он ин буд, ки «Мо тибқи супориш барои гарминигаҳдории хонаҳо меъёр омода намудаем. Ҳангоми гузаронидани ташхис ҳам ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир мегардад ва лоиҳаҳое, ки шиносномаи энергктикӣ надоранд, аз экспертиза намегузаранд».
Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабарнигори ҳафтаномаи «Дайджест-пресс» Равшан Меликшоевро намои зоҳирии бинову иншоот нигарон намудааст. Ў гуфт, ки оё имкони дар биноҳои нав барои коста нашудани намо ва зиннати зоҳирии онҳо ҳавотозакунакҳо ва антенаҳо якмаром дар мавқеи муайян ва ба чашм ноаён ҷойгир карда шаванд. Саволи дигараш ин буд, ки чаро дар баъзе иншооти истифодашуда, шабакаҳои гармидиҳӣ фаъол нест?
Ба суоли ин хабарнигор Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. чунин посух гуфт, ки «- Дар ҳудуди шаҳри Душанбе ягон иншооти бе шабакаи гармидиҳӣ қабул намешавад.Агар мушоҳида карда бошед, дар биноҳои нав алакай ин мушкилот бартараф шудааст , яъне ҳавотозакунакҳо ва антенаҳо дар ҷойҳои ноаён насб шудаанд.
Суоли Абдуғаффори Убайдулло хабарнигори радиои «Тоҷикистон» ин буд, ки гарчанде ҳудуди шаҳр васеъ карда шуда бошад ҳам, аммо ҳанӯз ҳам дар ҷойҳои танг иншоот бардошта мешавад. Чаро дар дигар қисматҳои шаҳр иншоот сохта намешаванд, ҳама саъй мекунанд, ки дар маркази шаҳр созанд?
Посухи ин савол чунин буд:
- МИҲД ш. Душанбе нақша дорад, ки хонаҳои шароиташон вазнин ва ба талабот ҷавобгӯ набударо тахриб намуда, ба ҷои онҳо хонаҳои замонавии баландошёна созад. Тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2040 ҳудуди Душанбе васеъ шуда, имкони ҷойгиркунии иншоот бо тамоми инфрасохтораш ва бо ҳузуру ҳаловати беҳтар ва замонавитар пайдо мегардад.
Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Биное, ки дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе аз тарафи ҶДММ «Комил - 2010» сохта шудааст, ба талабот ҷавобгӯ нест, гуфт хабарнигор Шамсулло Фозилов аз ҳафтавори «Фараж».Шикоятҳо аз тарафи мардум хеле зиёданд. Дар ин маврид Кумита чи чораҳо меандешад?
- То ҳол бинои аз тарафи ҶДММ «Комил - 2010» сохташуда ҳуҷҷатҳои заруриро надорад ва баъди аз экспертиза гузаронидани ин бино мо метавонем ҳуҷҷатҳои онро тартиб дода, фаъолияташро қатъ намоем,- гуфт Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
Ба суоли Машрабов Холмаҳмад аз радиои «Тоҷикистон», ки соли гузашта Кумита дар бунёди иншооти сохтмонии «НБО Роғун» чӣ саҳм гузошт?,- чунин посух дода шуд, ки «Ҳамаи лоиҳаҳои тарҳрезишудаи «НБО Роғун» аз ташхис гузаштаанд. Барои ҳалли тамоми масъалаҳои лоиҳакашӣ гуруҳи кории доимамалкунанда фаъолият дорад. Мо тасмим гирифтаем, ки гуруҳи корӣ аз моҳи феврал тамоми диққаташонро ба «НБО Роғун» ҷалб намоянд, зеро тибқи нақша то моҳи ноябри соли равон бояд агергати якуми он ба кор шурӯъ кунад.
Ҳамин тавар, дар ин нишасти матбуотӣ ҳамаи намояндагони ВАО ба саволҳои зиёди худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Мухбирони «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво