29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ихтирооти хонандагони шаҳри Хуҷанд

683
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Техникони наврас» баргузор гардид. Дар он аз ҷониби муҳассилини макотиби шаҳр беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷод ба ҳайати доварон манзур карда шуд.
Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, озмун аз рӯи 7 бахш-радиоконструкторӣ, авиамоделӣ, мошинаи ояндаи коинот, киштии ояндаи обӣ, автомоделӣ, ҳимояи шаҳри оянда ва ихтироъкорӣ сурат гирифта, дар он хонандагони тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Дар номгӯи ихтирооти хонандагон анвои гуногун бо диду нигоҳи хосса тариқи назариявӣ ва амалӣ пешниҳод ва ҳимоя карда шуд.

Ҳамин тавр, ҳайати доварон дар бахши радиоконструкторӣ хонандаи МТМУ№19 Меъроҷ Маҳмудов, дар бахши авиамоделӣ муҳассили Гимназияи №4 Баҳодур Абдуллоев, дар бахши мошинаи ояндаи коинот хонандаи мактаби хусусии «Паймони азизон» Эҳсон Неъматҷонов, дар бахши киштии ояндаи обӣ хонандаи МТМУ№19 Маҳмудҷон Болтуев, дар бахши автомоделӣ хонандаи МТМУ№21 Эмомалӣ Аллабердиев, ҳимояи шаҳри оянда муҳассили МТМУ №5 Азимҷон Бобоҷон ва дар бахши ихтироъкорӣ хонандаи мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Муҳаммадамин Калоновро ғолиб эълон намуданд.

Ҳамзамон дар бахшҳои номбурда ҷойҳои 2 ва 3-юм муайян шуданд. Гурӯҳе а з хонандагони фаъол бо Cипоснома қадршиносӣ шуданд.

Ғолибони мақоми аввал ба озмуни вилоятии «Техникони наврас» роҳхат гирифтанд.

Интизор меравад, ки даври вилоятии озмун моҳи майи соли равон сурат гирад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво