25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СУҒД: АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЧӢ ҲИКМАТЕ БОЯД БАРДОШТ

573
Ва ё чанд андеша дар иртибот ба офати таббиӣ, ки рӯзҳои охири соли 2017 дар шахру навоҳии вилояти Суғд ба амал омад.

Бар асари офати табии рӯзҳои 26-27- декабри соли 2017 ба амаломада дар вилояти Суғд бисёр иншооти муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳангу варзиш, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ хатҳои ноқилу симчӯбҳо дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт хисорот ва зарари ҷиддӣ диданд, ҳоло оқибатҳои он бартараф карда мешаванд. Мутобиқ ба маълумоти пешниҳодкардаи Кумитаи вазъияти фавқулода ва ҳолатҳои табиӣ дар вилояти Суғд, Идораи сохтмони асосии вилоят муассисаҳои тандурустиву маориф, фарҳанг, варзиш асосан аз шамоли сахт, ки дар як сония то 40-45 метр буд, боми иншоот, симчӯбҳо, дару тирезаҳо, хатҳои ноқилӣ сахт зарар бардоштанд. Хушбахтона, бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.
СУҒД: АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЧӢ ҲИКМАТЕ БОЯД БАРДОШТ

Масалан, дар ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Гулистон ва шаҳри Хуҷанд аз ин тундбод боми беморхонаҳо аз масоҳати 840, 1500 то 4600 метри мураббаъ зарари ҷиддӣ дидаанд, ки вазъияти ба амаломада дар ин фасли сармои зимистон ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табииро тақозо мекунад.
Асатулло Ҳувайдуллоев, сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт, дар сӯҳбати телефонӣ вобаста ба зарари офати табиӣ иттиллоъ дод, ки мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ маблағи зарар 1 миллиону 831 ҳазору 200 сомониро ташкил дод. Бар асари офати табиӣ дар ноҳия хатти интиқоли барқ дар масоҳати 24, 2 километр, манзили 1 ҳазору 172 нафар, 38 муассисаҳои мактабиву тоимактабӣ 7 адад иншооти дигари хоҷагии халқ хисорот диданд. Ҳоло оқибатҳои ин офати таббиӣ аз ҷониби сохторҳои марбута бартараф мешаванд.
Аз маълумоти расмии Идораи сохтмони асосии вилоят бармеояд, ки зарари фақат ба иншоотҳо расида наздик ба 5 миллион сомонӣ мерасад. Шамол он шабу рӯз хусусан ба иншооти гуногуни маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд зиёдтар шикасту рехт овард. Ба истиснои чандин мактабу кӯдакистонҳо, ҳамзамон варзишгоҳи марказӣ, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, боми биноҳои МИҲД-и вилояти Суғд, бинои кисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, бинои бойгонии давлатии вилоятӣ ва боз чанд дигар иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангидошта хисорот бардоштанд.
Қудратзода Тоҳир, сардори Идораи сохтмони асосии вилоят дар сӯҳбат иброз дошт, ки гурӯҳи корӣ тамоми иншоотҳои бар асари офати табиӣ зарардидаро пурра таҳқиқ карда, дар марҳилаи дигар таъмиру азнавсозии онҳоро бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба роҳ мемонад. Аллакай, барқарорсозии қисме аз иншооти иҷтимоӣ оғоз ёфтаанд. Ҳамзамон роҳбари Идораи сохтмони асосии вилоят дар иртибот ба иншооти зарардида ҳарф зада, аз кори бесифат анҷомдодаи баъзе гуруҳҳои бинокорон аз ширкатҳои хусусӣ изҳори нигаронӣ дошт.
-Баъзе муассисаҳо ба хотири сарфаи маблағ дар таъмир қувваи ҳашарчиёнро истифода бурдаанд, ки ба оддитарин талаботи сохтмон ҷавобгӯй намебошанд,- таъкид кард Қудратзода Тоҳир,- ва ин офати таббииву аз оқибатҳои он бояд масъулини муассисаҳо, ташкилотҳо сабақи ҷиддӣ гиранд.
СУҒД: АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЧӢ ҲИКМАТЕ БОЯД БАРДОШТ
Воқеан ҳам мо чанд тан рӯзноманигорон субҳи дигари баъди офат дар даст аккосӣ аз чандин мавзеву иншооти зарардидаи шаҳри Хуҷанд дидан кардем ва воқеан ҳам ба мушоҳида мерасанд, ки ҷиҳати анҷоми кори бомпӯшии кӯдакистонҳо, мактабҳо ва баъзе иншооти дигар аз ҷониби ба ном «мутахассисон» бемасъулиятӣ зоҳир шудааст. Баъдан, на фақат сифати кори анҷомдодашуда, ҳамзамон сифати маҳсулоти сохтмонӣ низ куллан ҷавобгӯйи талабот намебошад.
-Аз 63 иншооти сохтмонаш зарардидаи шаҳри Хуҷанд танҳо корҳои сохтмонии ҳафтоаш бо ҷалби пудратчиёни касбӣ анҷом дода шуда, дигарашро бо усули ҳашар- яъне одамони касбу корашон гунонуни ғайри касбӣ роҳандозӣ кардаанд, ки ба принсипҳои асосии бинокорӣ комилан мухолифанд,- мегӯяд Насимҷон Ахмедов, раиси кумитаи касабаи бахши сохтмон ва масолеҳи бинокории вилояти Суғд,- ин ҳолат бояд масъулини идораву ташкилотҳо, баъзе ширкатҳои сохтмониро ҳушдор диҳад.
СУҒД: АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЧӢ ҲИКМАТЕ БОЯД БАРДОШТ
Ин офати таббиӣ аз он бозгӯйӣ кард, ки сохторҳои марбута ба бартарафкунии оқибатҳои офати таббии мақомотҳои маҳалӣ то чи андоза дар ҳолати омодабош қарор доранду сифати корҳои анҷомдодаи ташкилотҳои сохтмонӣ ва масолеҳи бинокорӣ ҷавобгӯйи талаботи рӯз аст.
Суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид кардани маҳсулоти пастсифати ғизоӣ аз тарафи қисме аз соҳибкорони бемасъулият ба теъдоди муайяни соҳибкорони бахши сохтмонӣ низ иртиботи ҷиддӣ дорад. Зеро ворид гаштани маҳсулоти сифатан пасти масолеҳи сохтмонӣ бегуфтугӯй ин хавф ва таҳдиди ногузир ба амнияти мардум аст.
Ҷовиди Аштӣ,
«РБ»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво