Баррасии масъалаҳо оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон

Баррасии масъалаҳо оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон баргузор шуд, ки дар кори он як қатор масъалаҳои марбут ба нархгузории соҳа баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа Муовини Раиси Кумита, раиси Комиссияи маскур Мирзозода Низом Юсуфӣ ва намояндаҳо аз Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Дирексияи сохтмонии иншоотҳои Ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати сохтмони асосии МИҲД шаҳри Душанбе, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, ҶСК «Корезлоиҳа», ҶСК «Саноатсоз», КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон», КВД «Ташхисгар» ва КВД «Пажуҳишгоҳи илмию татқиқотии сохтмон ва меъморӣ» ва дигарон иштирок намуданд.
Баррасии масъалаҳо оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон
Дар оғози ҷаласа Мирзозода Н.Ю. иштирокдоронро бо масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз қабили баррасии «Нақшаи пешакии корҳои илмию татқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон», таҳлили лоиҳаи ҳуҷҷати «Маълумотномаи нишондиҳандаҳои хоси арзиши иншооти ҳаммонандии бинову иншоот, барориши №5 соли 2017», таҳлили меъёри унсурии харҷномавии ҷудогона барои иҷрои корҳои ҳаффорӣ дар толори трансформаторҳои иншооти НБО «Роғун», Баррасии масъалаи музди меҳнати коргарони соҳаи сохтмон барои семоҳаи якуми соли 2018 ва барномаи компютерии «Граф-Смета-ПИР» шинос намуд.
Баррасии масъалаҳо оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон
Директори КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» Абдураҳмон Каримзода ва сардорони шуъбаву бахшҳои ин марказ зимни баромади худ оид ба масалаҳои пешниҳодгашта маълумот дода, намояндагони дигар вазорату ташкилотҳои лоиҳакашӣ пешниҳодҳои худро барои боз ҳам мукаммал намудани низоми амалкунандаи нархгузории соҳаи сохтмон баён намуданд.
Дар охир Мирзозода Н.Ю. зикр намуд, ки аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон барои боз ҳам пурра гардонии низоми амалкунандаи нархгузории соҳа ва аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта саҳм гузоранд. Ҳамин тавр, бо назардошти баромадҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ қабул гардид.
мухбири "РБ"

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво