29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар Норак

771
Дар доираи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи Неругоҳи барқи обии “Бойғозӣ”-и шаҳри Норак ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Дар ин бора аз Неругоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади мазкур директори неругоҳ Рустам Зоғаков иброз намуд, ки “Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегарданд”.

Инчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз давлатҳои татбиқкунандаи энергияи сабз маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. Хушбахтона, ҳоло барои навсозии низоми энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, он дар маҷмӯъ барои рушди соҳаи энергетика равона гардидааст.

Баъд аз таҷдиду навсозии неругоҳҳои “Норак”, “Сарбанд”, “Қайроққум” таҷдиди пурраи НБО –и “Бойғозӣ” дар назар аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво