16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боздиди Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз Маҷмааи «Кохи Наврўз»

1069
 Боздиди Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз Маҷмааи «Кохи Наврӯз»
Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Душанбе аз Маҷмааи «Кохи Наврӯз» дидан кард. Дар тамошои «Кохи Наврӯз» Абдулло Ориповро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид аз «Кохи Наврӯз» Абдулло Орипов ба тарҳи бино ва ороиши он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва ҳунару маҳорати баланди кандакории мардуми тоҷик баҳои баланд дод.

Кандакориҳо дар чӯб, мусаввараҳо, қандилҳои зебову диққатҷалбкунанда ва дигар шоҳкориҳои меъморӣ, ки таърих, урфу одат, расму оин ва маданияту фарҳанги волои миллати тамаддунофари тоҷикро ифода мекунанд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Дар толори «Дидор» ба Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов доир ба кандакории миллӣ дар чӯб, наққошӣ ва муҷассамаҳои сангӣ, ки барои миллати тоҷик аз гузашта чун мероси аҷдодӣ боқӣ мондааст, маълумоти муфассал дода шуд.

Дар ин толор диққати меҳмонон ба шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик, ки бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо ва ҳаккокӣ намудани ҳаёту рӯзгор, расму оин ва дигар анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик дар сангу чӯб ҷалб гардид.

Дар толори «Аржанг» ба меҳмонон маълумот дода шуд, ки сангҳои ороишии он аз манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуда, истифода гардидаанд. Лоҷувард, оникс, яшми сабз, мармари сафеду сурх ва дигар сангҳо дар ин ҷо моҳиронаву устокорона ба ҳам омада, композитсияи бадеиро ташкил додаанд. Тавре гуфта шуд, барои ороиши толори «Аржанг» 29 намуд сангҳои ороишӣ истифода шудаанд.

Ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов аз толорҳои «Зарандуд» ва «Гулистон»-и «Кохи Наврӯз» дидан намуд. Сутуну дарҳои зебо ва дигар мӯъҷизаҳои толори «Гулистон», ки аз ҷониби устоҳои тоҷик кандакорӣ шудаанд, ҷозибаи махсус дошта, ба ҳар бинанда рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд.

Сақф ва сутунҳои ин толор аз чӯбҳои кандакоришуда иборатанд. Дар деворҳои толори «Аржанг» намунаи нигораҳо аз асарҳои Камолиддини Беҳзод, Умари Хайём ва «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ҳаккокӣ шудаанд.

Дохили толори бузурги «Зарандуд», ки баландиаш то маркази гумбаз 36 метр аст, муҷаллост ва ранги сафед дорад. Ин толор бо санъати оинабандӣ дар омехтагӣ бо гаҷкорӣ ороиш дода шудааст. Ба Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орипов иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи «Кохи Наврӯз» дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, он аз 15 толор иборат аст. Дар бунёди кохи мазкур асосан корҳо дастӣ иҷро шудаанд.

Дар маҷмӯъ, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ўзбекистон ба услуби меъмории сохтмони «Кохи Наврӯз», ки таҷассумгари тамоми паҳлуҳои фарҳанги миллии мардуми тоҷик мебошад ва шоҳкории беназири ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, баҳои баланд доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво