28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита самти фаъолиятро дар соли 2018 тасдиқ намуд

778
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита  самти фаъолиятро дар соли 2018  тасдиқ намуд

Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолият дар соли 2017 ва гузоштани вазифаҳо барои соли 2018 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 –уми январ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ин ҷаласа мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Шарипов Алишер, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳои дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита  самти фаъолиятро дар соли 2018  тасдиқ намуд
Сардори раёсати корҳо Сафарзода Абӯбакр пеш аз баррасии рӯзномаи маҷлис оид ба таъмини иҷрои қарору супориши ҳайати мушовара ахборот дод. Дар баромади худ Сафарзода қайд намуд, ки барои таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси шаҳрсозии ҶТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар талаботҳои қонунгузорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, инчунин ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат баҳри дар сатҳи баланди касбӣ ба иҷро расондани вазифаҳои хизматии худ тамоми кормандони масъули Кумита кушиши бештар ба харҷ доданд ва ҳамаи масъалаҳои дар назди соҳа гузошташуда, зери назорати доимии роҳбарияти Кумита қарор доранд.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита  самти фаъолиятро дар соли 2018  тасдиқ намуд
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар оғози рӯзномаи ҷаласаи оид ба ҷамъбаст намудани кору фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумита дар соли 2017 ва гузоштани вазифаҳо барои соли 2018 суханронӣ намуд. Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол аз соли сипаригашта ёдовар шуда, онро барои Тоҷикистон соли хотирмон арзёбӣ кард. Таҷлили бошукӯҳи ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои ҳар фарди кишвар муқаддас аст, рӯйдоди муҳими соли 2017 хонд.
- “Бо шарофати заҳматҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон мо санаи бузурги таърихии 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намудем ” – гуфт раиси Кумита Ҷамшед Ҷалол. -Дар соли 2017 аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар асоси қисмҳо ва моддаҳои дахлдори Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ 12 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 лоиҳа қабул шуда, 4 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз назорат гирифта шуд.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита  самти фаъолиятро дар соли 2018  тасдиқ намуд
Инчунин, дар соли 2017 бо мақсади густариш ёфтани муносибатҳо бо дигар давлатҳо, барпо намудани ҳамкориҳо баҳри таъсиси муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон лоиҳаи созишномаҳои ҳамкории соҳавӣ бо кишварҳои Федератсияи Россия, Молдова, Туркманистон, Ўзбекистон ва Қазоқистон таҳия карда шуда, барои мувофиқа ба ҷониби ин дивлатҳо ирсол карда шуданд. Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи дутарафаи иҷозатномаҳо барои амалигардонии фаъолияти сохтмон, санаи 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд.
Тавре Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар баромади худ қайд намуд, Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатии Кумита дар соли 2017 ба маблағи 26 млн. 76 ҳазору 816 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 110,8 фоизи соли 2016-ро ташкил намуд.
Ҳосилнокии меҳнати ҳар як коргар дар соли 2017, 2544,58 сомониро ташкил дод, ки ин 112,4 фоиз ва музди меҳнати миёнаи коргарон дар давраи ҳисоботӣ 1297,14 сомониро ташкил дод, ки ин нишондод 104,9 фоизи соли 2016-ро ташкил дод.
Аз ҷониби пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии Кумита дар соли 2017 10023 асноди лоиҳавию харҷномавӣ таҳия карда шуд, ки ин 140,7 фоизи соли 2016-ро ташкил дод.
Ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар пажӯҳишгоҳҳои ҶСК “Саноатсоз” 86 фоиз, ҶСК “Корезлоиҳа” 91,8 фоиз ва КВД “Пажуҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ” 91,9 фоизи соли гузаштаро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ Кумита тибқи супоришҳои протоколии ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва бакордарории иқтидорҳои НБО-и «Роғун» ва Шӯрои нозирон фаъолият намуда, дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Дар ин давра, ба Кумита аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ ва Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» зиёда аз 25 супоришҳои протоколӣ дода шудааст, ки ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар муҳлатҳои муайян ба иҷро расонида шуданд.
Дар соли 2017 дар иншооти «НБО Роғун» мувофиқ ба супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин кардани нерӯгоҳ, ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи нархгузорӣ ва дархостҳои ташкилотҳои дар “НБО Роғун” фаъолиятдошта, аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита масъалаҳои техникии иншоот ҳаллу фасл гардиданд.
Ҷамшед Ҷалол ҳамчунин аз ошкор гардидани баъзе камбудиҳо, дар шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ намуд, аммо аз таъмир ва рангубори биноҳои мавҷуда дар маркази шаҳр ва шаҳракҳо, кабудизор ва гулзоркунии кӯчаву хиёбонҳо ва майдони назди биноҳо, таъмири кӯчаву роҳ ва роҳравҳо ва дигар корҳои назаррас дар самти ободонӣ эҳсоси қаноатмандии худро баён дошт.
Дар баробари ин Кумита тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ шудааст, дар қитъаи гулгашти вобасташуда, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, аз бурриши гузаргоҳи 1 кӯчаи Турсунзода, кӯчаи Ҳусейнзода то бурриши кӯчаи Нисор Муҳаммад дар асоси лоиҳа беш аз 20 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳо, ки ба мавзеи вобасташуда мувофиқанд, шинонида шудаанд. Айни ҳол гулҳои мавсимӣ ба садбарг иваз карда шуданд. Нигоҳубини доимии қитъаҳои вобасташуда аз ҷониби масъулини корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита таъмин карда шудааст. Аз натиҷаи гузаронидани озмун дар самти ободонӣ, Кумита ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо диплом ва маблағи пулӣ мукофотонида шуд.
Инчунин бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба Кумита бунёди майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон дар байни биноҳои 63 ва 63/1-и кӯчаи Лоҳутии ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста шудааст. Ҳоло корҳои пешакӣ ва гирифтани аксҳои топографӣ ба анҷом расида, лоиҳаи иншоот бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе мувофиқа карда шуд. Тибқи супориши мазкур майдончаи бозии кӯдакон то моҳи июни соли 2018 сохта ба истифода супорида мешавад.
Ҳамин тавр, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол зикр намуд, ки кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ин давра хубтар фаъолият карда, сифату дараҷаи иҷрои корҳоро беҳтар намудаанд. Вале ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онҳо дар соли 2018 ислоҳи худро ёбанд ва дар қарори ҳайати мушовара иҷрои вазифаҳое, ки аз Стратегияи миллии рушд барои соли 2030, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дарҷ карда шаванд.

Сардори Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ Табарзода Раҳматулло ба ҳозирин аз натиҷаи фаъолияти Хадамот дар соли 2017 ҳисобот дода, самти фаъолияти худро барои соли 2018 муайян намуд. Ба иттилои ӯ Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ дар соли 2017 дар 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи меъморию шаҳрсозиро ба роҳ монда, сохтмони 1247 иншоотро таҳти назорати давлатӣ қарор додаанд.
Дар ин давра дар 1247 иншоот 3286 санҷиш гузаронида, ба масъулини сохтмонҳо 1430 амрнома дода шуд. Ба 447 шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 650700 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд ва аз он 562550 сомонӣ ба буҷет ворид гардид. 25 қарор ба маблағи 56650 сомонӣ муҳлат дошта, 7 қарор ба маблағи 31500 сомонӣ барои рӯёнидани ҷарима бо аризаи даъво ба суд ирсол карда шудааст.
Мутахассисони Хадамот дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати назорати техникии ҶСК «НБО-и Роғун» дар асоси нақшаи корӣ дар соли 2017 оид ба сифати корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоотҳои неругоҳ 414 санҷиш гузаронида, 368 камбудию нуқсонҳоро ошкор намуданд ва барои ислоҳи онҳо ба масъулини сохтмон 126 амрнома дода шуд.
Ба гуфтаи сардори Хадамот Табарзода Раҳматулло дар баробари назорати сифати корҳои меъморӣ ва сохтмонӣ мутахассисони Хадамот дар иншоотҳое, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ оид ба ченкунии ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмону васлгарӣ санҷиш гузаронида, 1631279 сомонӣ изофанависии маблағҳоро ошкор намуданд.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита  самти фаъолиятро дар соли 2018  тасдиқ намуд
Ба Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумита дар давоми соли 2017 аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва меъморӣ 543 муроҷиат ворид гардида, 406 адад ҳуҷҷатҳои воридгардида дар маҳал санҷида шуда, хулосаи онҳо ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод гардида, аз ин танҳо ба 256 довталаб иҷозатнома дода шудааст. Ба 150 ташкилот бо сабаби камбудиҳои ҷойдошта ҷавоби рад дода шудааст. Ҳуҷҷатҳои 47 довталаби дигар мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доранд,-иттилоъ дод дар маърӯзаи худ Файзуллозода Нусратулло- Сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ. Ў афзуд, ки дар ин давра, аз ҷониби 331 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои дароз намудани муҳлати амали иҷозатнома ҳуҷҷат пешниҳод шуда, муҳлати амали иҷозатномаи 233 ташкилот тамдид карда шуда, ба 102 ташкилот ҷавоби рад дода шуд. Ҳуҷҷатҳои 6 ташкилоти дигар ҳоло мавриди таҳлил қарор доранд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 78 ташкилот барои аз як сатҳ ба сатҳи дигар гузаронидани сатҳи масъулиятнокӣ муроҷиат ворид шуд, ки аз ин муроҷиати 34 ташкилот қонеъ карда шуда, ба 37 ташкилот ҷавоби рад дода шуд ва ҳуҷҷатҳои 7 ташкилоти дигар, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дорад.
Дар соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи иҷозатнома ва дигар маблағҳои ҳатмӣ ба буҷети давлат 452 350 сомонӣ ворид карда шудааст.
Раиси Кумита ба Хадамот супориш дод, ки фаъолияти худро дар таъмини назорати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби иҷозатномагирандагон беҳтар намуда, оид ба саривақт тамдид намудани иҷозатномаҳои муҳлаташон ба охир расида чораҳои зарурӣ андешад.
Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита  самти фаъолиятро дар соли 2018  тасдиқ намуд
Саъдуллозода Сӯҳроб Файзалӣ аз фаъолияти яксолаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ҳисобот пешниҳод кард. Ў гуфт, дар соли 2017 512 лоиҳаҳои кориро мавриди ташхис қарор доданд. Ба 448 лоиҳа хулосаи мусбӣ дода шуд, 4 лоиҳа аз эътибор соқит, 10 лоиҳаи корӣ мавқуф гузошта шуда, ба 12 лоиҳа хулосаи манфӣ дода шуд (аз ин баъдан ба 5 лоиҳа хулосаи мусбӣ дода шуд) ва 43 лоиҳаи корӣ дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.
Ба сифати харҷномаи лоиҳаҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дар маҷмӯъ 494841 ҳазор сомонӣ, бо назардошти “ НБО Роғун” кам карда шудаанд.

Ба Раёсати экспертиза дар соли 2017 аз иншооти ҶСК “НБО Роғун» 412 бастаи ҳуҷҷатҳои лоиҳаи корӣ (бе назардошти 55 басти ҳуҷҷатҳои соли 2016, ки дар соли 2017 хулосаи мусбӣ гирифтанд) ворид шуд, ки аз ин шумора ба 340- бастаи ҳуҷҷатҳои корӣ хулосаи мусбӣ дода шуд ва ба 6-баста бо мактуби Фармоишгар аз эътибор соқит гардид. 2-баста лоиҳа аз тарафи Фармоишгар мавқуф гузошта шуд ва 64-баста мавриди баррасӣ қарор дошта, аз ин миқдор ба 27-баста эродҳо ирсол гардида, 37-баста лоиҳаи корӣ дар баррасии экспертон қарор дорад.
Баъди шунидани ҳисоботҳои сардорони Хадамотҳо ва сармеъмори Вилояти Суғд Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ба ҳамаи роҳбарону сардорони зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолият ва ислоҳи баъзе камбудҳо дар соли 2018 супоришҳои қатъӣ дод.
Дар идомаи маҷлис Алишер Шарипов- мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо суханронӣ карда, аз ҷавобгӯ набудани баъзе кадрҳои таинотӣ изҳори нигаронӣ намуд. Аз ҷумла ӯ баъзе лоиҳаҳои пешниҳодшударо ғайри қобили қабул донист, зеро дар аксар лоиҳаҳо дастрасии маъюбон ба бинову иншоот ба инобат гирифта намешаванд.

Неъмат РАҲМАТ
мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво