19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони шаҳри Норак нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро сармашқи зиндагии хеш қарор додаанд

594
Сокинони шаҳри Норак Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дилгармӣ қабул намуда, нуктаҳои асосии онро сармашқи зиндагии хеш қарор додаанд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова мегӯяд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ ва дастуруламали босамари фаъолияти давлат дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Он доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд.

Бояд зикр намуд, ки Президенти ҷумҳурӣ дар ҳар як Паём ба тарбияи ҷавонон диққати махсус дода, зикр менамоянд, ки ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо шинохта ва эътироф шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 дарсади сокинони онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин, Ҳукумат дар самти бартараф намудани падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон як зумра иқдомҳоро амалӣ намудааст, ки баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди онҳо нақши меҳварӣ бозидааст.

Мудири бахши иқтисод ва савдои шаҳри Норак Идибек Султонов иброз намуд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази тадқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҳар чи бештар ҷалб карда шаванд. Мо, ҷавонон иқдоми таъсиси чунин Марказро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем, зеро он метавонад дар оянда барои баланд бардоштани шаъну шарафи кишвар мусоидат намояд. Ҷавонони ватандӯсту лаёқатманд метавонанд дар оянда ҳамчун кадрҳои арзандаи кишвари соҳибистиқлоламон ба воя расанд ва дар арсаи илми муосир нақши калидӣ дошта бошанд».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво