100 нафар ҷавонони фаъолу ташаббускор соҳиби ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гардиданд

Дирӯз дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Фестивал- форуми ҷумҳуриявии ҷавонон, ки аз 26 то 30 декабри соли равон идома меёбад, маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин ҷавонон ва варзишгарони кишвар дар соли 2017 баргузор гардид.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон барои ҳамаи ҷавонону варзишгарон ва тамоми соҳаҳои кишвар соли пурфайзу бобарор ва соли муваффақиятҳо буд. Дар ин сол ҷавонони тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба 100 нафар ҷавонони фаъолу ташаббускори қишрҳои гуногуни ҷомеа туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома тақдим карда шуд, ки дар миёни онҳо чеҳраҳои шинохтаи варзиши кишвар, олимон, ихтироъкорони ҷавон, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва ғолибони олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз рӯи фанҳои дақиқ ширкат доштанд.

Бояд гуфт, ки дар маросими ҷоизасупорӣ 10 нафар ҷавонони муваффақ сазовори унвони гирандаи стипендияи Кумита, 12 нафар гирандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, 30 нафар дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Ваҳдат ва ҷавонон», озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ» ва 51 нафар ҷавонони дигар дар соҳаҳои гуногун сазовори диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои моливу пулии Кумита гардиданд.

Ба иттилои Аҳтам Абдуллозода, соли равон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тадбиқи сиёсати давлатии кор бо ҷавонон 17 ҳазор барномаҳоро бо иштироки зиёда аз 5 миллион нафар наврасону ҷавонон доир намуд.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво