29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Парлумони Тоҷикистон

748
Имрӯз таҳти раёсати Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бахшида ба 10 декабр- Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷамъомад баргузор шуд. Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод, доир ба ин масъала Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз суханронии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум 11 октябри соли 2017 бармеоянд ва бо дар назардошти моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки ҳамасола дар Тоҷикистон 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад, кумита ҳамоиш доир намуд.
Таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Парлумони Тоҷикистон
Зикр шуд, ки ҷомеаи башарӣ аз садаи 20 сар карда, ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон диққати бештар зоҳир менамояд. Мушкилоти ҳуқуқи инсон ва дарёфти тарзу усул ва роҳҳои таъмини он ва дар умум кафолати онҳо аз замони қадим диққати донишмандони Шарқу Ғарбро ба худ ҷалб сохта буд. Нахуст онро Куруши Кабир дар шакли эъломия эҳдои ҷаҳониён сохта, сипас тавассути донишмандони замон ба чаҳор минтақаи олам паҳн карда шуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар бетараф набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дуюним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист».

Дарвоқеъ, эъломияи мазкур нахустин ташаббус ва иқдоме буд ба сӯи бунёди ҷомеаи ҳуқуқӣ, дунявӣ ва адолатпарвар. Ин анъанаи неки ниёгон идома дода шуда, дар замони соҳибихтиёрӣ боз ҳам шукӯҳу шаҳомати хосса пайдо кард. Агар эъломияи Куруши Кабир мардумони дунёи қадимро ба ҳам оварда бошад, пас Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардидааст, дар замони муосир ин рисолатро анҷом медиҳад.

«Ҳамасола дар оғози моҳи декабр таҷлил аз рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ба санаи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон пайвандӣ дорад, ба як анъанаи нек табдил ёфта, ҷомеаи инсониро водор месозад, ки ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз диди эҳтиром ва ғамхорӣ муносибат намояд. Ин аст сабаби аслӣ ва моҳияти ҷамъомади имрӯза»,-гуфт Эмомалӣ Насриддинзода.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш оид ба масъалаи мазкур ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода сухан гуфт.

Дар анҷоми ҳамоиш аз рӯи масъалаи муҳокимашудаи рӯзнома қарори дахлдор қабул карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво