25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

832
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Паёми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки субҳи 22 декабри соли 2017 дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ироа гашт, кормандони корхонаву сохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди Кумита дастаҷамъона тамошо карданд.
Дар фарҷоми Паёми имсолаи Пешвои миллат кормандони Кумита бардоштҳо ва андешаҳои худро перомуни ин дастур чунин ифода карданд:
Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Абдуалимзода таассуроти худро чунин иброз дошт:
- Имрӯз Пешвои миллат дар бораи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати навсозии низоми энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти неруи барқ зикр карданд, ки «лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» яке аз кӯҳнатарин неругоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин неругоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд». Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда, ҳамчунин бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: - «Барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 2017 аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст».
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
- Зимнан бояд зикр намуд, ки Сарвари давлат мақомоти дахлдор ва сокинони мамлакатро барои истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ ҳидоят намуда, зикр карданд, ки нархи неруи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хеле арзон аст. Бинобар он ҳар як сокини ҷумҳуриро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳо сарфакорона истифода баранд ва ба харҷи беинсофона ва исрофкоронаи неруи барқ ронҳ надиҳанд.
Сармутахассиси раёсати шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ Юсуфов Курчибек Паёми Пешвои миллатро як дастури корӣ барои фаъолияти пурсамар дар соли нав хонд:
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
- “Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст”. Ин нуктаи Паёмро ӯ ёдовар шуда, гуфт, ки ҳар паёме, ки аз тарафи сарвари давлат ҳамасола ироа мегардад, барои беҳбудии мардум ва ҷомеа равона карда шудааст. Паёми имсола низ барои пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа ва ҳаёти иҷтимоии халқ бештар бахшида шуда буд. Дар ин Паём сарвари давлат бештар ба дастгирии соҳибкорон, ворид намудани дастгоҳҳои нав барои истеҳсоли дохилӣ ишора намуданд.
Докторанти PhD дар Донишгоҳи техникии Точикистон, меъмор ва дизайнери дастгоҳи марказии КВД «Лоиҳакаш» Ғиёсов Меҳрубонро ишораи зайл ҷалб намудааст:-«Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад». Ў ки худ бевосита дар Кохи Сомон иштирок дошт, эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро як қадами назаррас барои эҳёи санъатҳои миллӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ номид. Ҳамчунин аз 1 сентябри соли 2018 баланд бардоштани 15 % маоши кормандони соҳаи маориф, стипендияи донишҷӯёни тамоми муассисаҳои таълимии кишварро далели дастгирии навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат арзёбӣ намуд.
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
- Соли 2017 барои ҷавонон соли пурифтихор буд,- илова намуд Меҳрубон. Пешвои миллат аз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Меҳрубон Ғиёсов бо боварӣ изҳор кард, ки ҳамаи ҷавонон ин гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта, баҳри рушди минбаъдаи ин Ватан хизмати шоиста менамоянд.
Ба таъкиди Лутфулло Наврӯзов Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ намудани насли ҷавон ҳамеша омодааст. Ӯ гуфт ғамхориҳои Президенти кишвар буд, ки соли 2017 – ро Соли ҷавонон эълон карданд ва бо ишора ба Паём зикр намуд, ки эълон намудани Соли ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносиро дар миёни ҷавонон боло бурд. Ва дар оянда ҳам насли ҷавон дастгирӣ меёбад, зеро дар ин Паём қайд гардид, ки дар давоми соли 2018-ум 110 ҳазор ҷойи кори доимӣ, бахусус, барои занону ҷавонон таъсис диҳанд.
Алишер Саъдуллоев пирӯзиҳои варзишгарони тоҷикро дар мусобиқоти баёналхалқӣ дастоварди соли сипаригашта медонад. “Ман ифтихор аз он мекунам, ки варзишгарони ҷавон мувафаққиятҳои худро дар ҷавоб ба ҳама ғамхориҳои давлат ҳамчун тӯҳфаи сол ба Ҳукумати кишвар эҳдо намуданд” – ибрози назар кард ӯ ва илова намуд, ки фардои солими Тоҷикистон дар дасти мо ҷавонони солим аст. Тавре дар суханронии Президенти кишвар омада буд, бунёди майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ ва ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин ба оммавигардонии варзиш дар байни ҷавонон аст. Аз ин рӯ зарур аст, ки мо тарзи ҳаёти солимро пешаи худ намоем.
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
Дар охир ҳаминро метавон гуфт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои фаъолият дар соли оянда ба ҳисоб меравад ва ба гуфти Президенти кишвар “танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем”.

Н.Раҳмат,
Мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво