Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ беҳтарин макони фароғатии пойтахт

Инак, қариб як моҳ мешавад, ки баъди навсозӣ «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Дар муддати кӯтоҳ он ба мавзеи дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил ёфт. Ёдовар мешавем, ки дар боғи мазкур баҳри фароғати комили мардум ҳанӯз ҳам корҳои ободонию бунёдкорӣ идома доранд.
«Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» ду даромадгоҳ — асосӣ ва ҷанубӣ дошта, он бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд шудааст.
Чун вориди ин Боғ мешавӣ, аз тамошои гулу майсазор ва дарахтони ҳамешасабзи он чашм канда наметавонӣ. Каме сайр кардан дар табиати зебои ин макон басанда аст, ки хастагиро фаромӯш сохта, аз маъюсӣ раҳо ёбӣ ва рӯҳат болида гардад.
Ин ҳамаро аз чеҳраи кушодаву шукуфтаи пиру ҷавоне, ки замони дар боғи мазкур будани мо сайру гашт доштанд, дарёфтан мушкил набуд.
Он рӯз бо вуҷуди сард будани ҳаво мардуми зиёде зери айвону нишастгоҳҳои боғ нишаста, истироҳат мекарданду кӯдакон дар майдончаи барои онҳо сохташуда машғули бозӣ буданд. Садои ханда ва шавқуни пур аз шодии онҳо муҳити боғро боз ҳам зеботару диданӣ гардонида буд.
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ  беҳтарин макони фароғатии пойтахт
Кормандони боғ ба корҳои ободонию бунёдӣ машғул буда, қисме ба поксозӣ ва тамизи боғ, дигарон ба кандани чуқурӣ барои шинонидани дарахту буттаҳои сояафкану ороишӣ ва сохтмончиён ба бунёди нуқтаҳои хизматрасонии варзишӣ ва савдо машғул буданд.

Директори боғи мазкур Амрулло Боқиев аз як тарафи боғ сӯи дигари он, ба назди ҳар яки онҳо рафта, ҷараёни корро назорат мебурд.

Чун аз мақсади омадани мо огоҳ гашт, бо хушӣ истиқбол гирифт, бо вуҷуди серкорӣ фурсати бо мо суҳбат кардан пайдо кард. Номбурда зимни суҳбат, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар боғ бинову иншооти зиёд, аз қабили мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидаанд. Корҳои ободонӣ ва таъмиру навсозии боғ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтаанд.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, ки дар даромадгоҳи боғ гузошта шудааст, аз ҷониби Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ бо маҳорати баланди касбӣ сохта шудааст.
Мақбараи устод Айнӣ бо истифода аз сангҳои гуногун бунёд шуда, бо нақшу нигори миллӣ ҳаккокӣ гардида, масоҳати умумии он 160 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва роҳравҳои атрофи он бо сафолакҳои ранга оро дода шудаанд.
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ  беҳтарин макони фароғатии пойтахт
Дар боғ ҳамчунин барои фароғату дилхушии кӯдакон дар масоҳати 2500 метри мураббаъ майдонча бунёд гардида, рӯзҳои наздик дар он насби аттраксионҳои муосир дар назар дошта шудааст.
Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.
Дар ҳудуди боғ зиёда аз 3480 бех дарахтони гуногуни ороишӣ, сояафкан ва буттаҳои ороишӣ, аз қабили санавбар, сарви хиромон, сарви аризонӣ, чинор, дуб, фарк, қарағоч, арча, арчаи виржинӣ, шоҳбулут, шоҳидарахт, чормағзи юнонӣ, буттаҳои ороишии корнус, дроки испанӣ шинонида шуда, масоҳати майсазорони он 11, 8 ҳазор м2 ва майдони гулзори он 6 ҳазор м2 –ро ташкил медиҳад.
-Ният дорем, ки дар мавсими нави ниҳолнишонӣ боз 1600 бех дарахтони гуногуни сояафкану ҳамешасабз ва буттаҳои оришӣ шинонем, -гуфт А.Боқиев ва афзуд, ки дар боғ ҷиҳати бо об таъмин намудани майдони сабзазору гулзор ва дарахтон обанбори ғунҷоишаш 1000м2 бо 2 адад пойгоҳи обтақсимкунӣ сохта шудааст.
«Дар Боғи мазкур ба хотири фароғати бештари сокинону меҳмонони пойтахт дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ Амфитеатр сохта шудааст, ки дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла, утоқҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона мебошад. Бунёди Амфитеатр дар боғ имкон медиҳад, ки минбаъд дар ин макон пайваста барномаҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида, ба фароғати хуби сокинону меҳмонони пойтахт мусоидат намояд. Масалан, онҳо метавонанд, ки то саршавии барномаи консертӣ ва баъди анҷоми он дар боғ ба сайру сайёҳат машғул шуда, аз табиати зебои он баҳра бардоранд», -гуфт директори боғ.
Амрулло Боқиев ҳамчунин зикр кард, ки аз рӯзи ба истифода додани боғ дар Амфитеатр 6 маъракаи фарҳангӣ, якчанд ҳамоишҳо, аз ҷумла, ҳамоиши ҷавонони ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз моҳи апрели соли оянда бахшида ба 140-солагии Устод С.Айнӣ баргузории як зумра барномаҳои фарҳангию маърифатӣ дар Амфитеатр дар назар дошта шудааст, ки баҳри ҷолиб гузаштани онҳо аз ҷониби масъулин тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
«Як хусусияти фарқкунандаи ин боғ аз дигар фароғатгоҳҳои пойтахт он аст, ки дар ҳар гӯшаи боғ таҷҳизоти махсуси варзишӣ насб гардидаанд ва дӯсторону ниёзмандон ҳангоми варзиш баҳри барқарор намудани саломатии худ метавонанд аз онҳо истифода баранд. Аз соати 05:00 –и субҳ то соати 12:00 шаб дари боғ ба рӯи сокинону меҳмонони пойтахт кушода аст. Ҳар пагоҳӣ сокинон либосҳои варзишӣ дар тан ба ин ҷо омада, машқҳои пагоҳирӯзии худро дар ҳамин ҷо мегузаронанд»,- афзуд директор.
Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Айнӣ таъсис ёфта, бар асари солҳои нооромӣ дар ҷумҳурӣ дар вазъи начандон хуб қарор дошт.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозии Боғи мазкур дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуда, дар рӯзи таҷлили ҷашни 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи таҷлили 25 — солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин иқдоми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун нишонаи эҳтиром ва ба таври шоиста қадр кардани хизматҳои шоёни устод Айнӣ амалӣ гардид.
Ҳамин қадршиносии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 1997 нахустин унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ба устод Айнӣ сазовор дониста шуд ва бо навсозии Боғи фарҳангию фароғатӣ, ки оромгоҳи Cардафтари адабиёти муосири тоҷик ин ҷо қарор дорад, рӯҳи ӯро шод намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди навсозӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боғ зикр карданд, ки Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба қатори маконҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад».
Бо ин мақсад, тавре ки қаблан зикр кардем, дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сохтмони корти теннис, футбол ва дигар нуқтаҳои варзишию фароғатӣ босуръат идома дорад.
Боварамон комил аст, ки Боғи мазкур на танҳо барои сокинони ҷумҳурӣ, балки барои сайёҳону меҳмонони хориҷӣ низ ба беҳтарин макони фароғатӣ табдил меёбад.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво