19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шиносоии Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти соҳаи маориф

915
Шиносоии Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти соҳаи маориф
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф сол аз сол рушд ёфта, ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои таҳсил муассисаҳои нави таълимӣ бунёд мешаванд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим якҷоя бо роҳбарият ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шахсони мутасаддӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз иншооти сохташавандаи соҳаи маориф дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 12 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар 19 иншооти дигари соҳаи маориф, аз ҷумла, 4 бинои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 1 толори варзишӣ барои муассисаи таълимӣ ва 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Аз ин теъдод 8 иншоот аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 иншоот аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 иншоот аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 4 иншоот аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегарданд, ки маҷмӯан барои 11 ҳазору 464 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидаанд.

Азим Иброҳим зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ бо масъулин суҳбати корӣ доир карда, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво