19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ёдбуд

785
Ба ифтихори 105 солагии- аввалин бинокорзани тоҷик Тоҳирова Ҳамро Зоировна дар толори маҷлиси Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши дӯстон, шогирдон ва пайвандони ин диловарзани тоҷик баргузор гардид. Хотиррасон менамоем, ки чанде қабл “Рӯзномаи бинокорон”таҳти №8 (107) аз 19 августи соли 2017 мақолаи Б.Темурзодаро зери унвони “Диловарзане, ки метавон бо ӯ ифтихор кард” дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин зани наҷиб чоп карда буд. Баъд аз нашри мақола Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ бо мактубе муроҷиат намуда, дархост намуд, ба мактаби деҳаи Ашт номи ходими намоёни давлатӣ, аввалин бинокорзани тоҷик собиқ Вазири сохтмонро Тоҳирова Ҳамро Зоировнаро сазовор донанд.
Ёдбуд
Ҷамъомадро Раиси иттифоқи меъморони ҶТ Б.Н.Юсупов ифтитоҳ бахшида, бо намоиши аксҳои дар солҳои гуногун гирифтаи Тоҳирова Ҳамро ҳозиринро бо фаъолият ва корҳои ҷамъиятии ӯ ошно намуд.

-Саҳми Ҳамро Зоировна дар тараққиёти ҷумҳуриамон ҳамчун мутахассиси соҳаи сохтмон калон аст. Ў дар бунёди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок кардааст. Бунёди иншооти мазкур дар он солҳо барои Тоҷикистон воқеаи дорои аҳамияти бузург буд. Маркази бузурги фарҳангӣ дар меҳвари хиёбони ҷумҳурӣ ба номи академик Раҷабовҳо бунёд гардид. Ягона бинокорзани тоҷик ба вазифаи коргузори иншооти мазкур таъин гардид, иброз дошт Б.Юсупов.
Вай иштикоркунандаи анҷумани умумиттифоқии меъморон, муаллифи як қатор лоиҳаҳои бинову иншоот буд. Аз рӯзи нахустини таъсисёбии Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ,1- уми марти соли 1936 Тоҳирова Ҳамро узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон буд. Ёдбуд
Аҳли толор як-як аз ҷой бархоста, дар бораи фаъолият ва хамкориҳояшон, дар бораи хислату рафторҳои ҳамидаи ин зани наҷиб бо ҳиссиёти баланд сухан ронданд. Аз ҷумла Г.Б.Бобосодиқова, Майсара Калонова, Р.С.Муқимов ва яке аз пайвандони Ҳамро Тоҳирова Б.Темурзода дар бораи хотироти худ суҳбатҳои ҷолиб намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ҳама якдилона пешниҳод намуданд, ки хизматҳои арзандаи ӯро ба инобат гирифта, дар пойтахт кӯчаеро бо номи Ҳамро Тоҳирова бигзоранд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво