Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хуҷанд дави миллӣ ва веломарафон баргузор мегардад

Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҷараён доранд.

Тавре сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов хабар дод, дар доираи ҳафтаи ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатӣ дар варзишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ байни толибилмони мактабҳои миёна, литсею гимназияҳо ва ҳамзамон донишҷӯёни коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо доир гашта истодаанд.

То имрӯз мусобиқаҳо аз намуди варзиши сабук, гӯштини тарзи озод, самбо, гӯштини юнонӣ-румӣ, футбол ва карате байни духтарону писарон анҷом ёфта, мусобиқаҳо аз намудҳои дигар идома доранд.

Ҳамчунин 23 ноябр бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Парчами давлатӣ -рамзи ифтихори миллӣ» мусобиқаи оммавӣ-варзишии веломарафон ва дави миллӣ дар масофаи 8 км, оғоз аз Маҷмааи таърихӣ — фарҳангии «Истиқлол» то микроноҳияи 3-юм бо иштироки васеи дӯстдорони намуди дучархаронӣ ва варзиши сабук гузаронида мешавад.

Ҳадафи ин мусобиқот, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии кишвар, яъне Парчами давлатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво