29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои Пешвои миллат дар конфренсияи Кумита

941
Имрӯз бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ баргузор гардид.
Мутахассиси шӯъбаи ҳуқуқ Абдусамад Рашидов дар ин нишаст бо ҳозирин оид ба мафҳум ва моҳияти ин ду санаи таърихӣ ва созандаи кишвар сӯҳбат намуд. Номбурда зимни ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони ҷангу нооромиҳои дохилии кишвар қайд намуд, ки мо ба ин ҳама оромиву суботи кишвар пеш аз ҳама бо талошҳои бевосита сарвари давлат расидаем.
Ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои Пешвои миллат дар конфренсияи Кумита


- «Ҳар фарди кишварро месазад, ки ба ин неъматҳо эҳтиром гузорад. Зеро худи мардум шоҳид буданд, ки вазъияти Тоҷикистон дар чӣ сатҳ буд. Ин ҳолатро дида Пешвои миллат дар аввалин суханронии худ қайд карда буданд, ки ман сулҳ меорам ва ягон фарди кишварро берун аз марз намегузорам. Пас моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ин ҳама заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ободкориву пешрафтро идома ва пурзур намоем» - илова намуд Абдусамад Рашидов.
Дар идомаи конфренсия ҳозирин доир ба рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллӣ андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла Довуд корманди ҷавони Кумита чунин ишора намуд:Ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои Пешвои миллат дар конфренсияи Кумита
Ёдоварӣ аз қаҳрамониҳои Пешвои миллат дар конфренсияи Кумита

- «Ин санаҳо барои мардуми тоҷик муборак ҳастанд. Аз ҷумла рӯзи Рӯзи Президент, зеро Пешвои миллатамон дар ин чанд соли наонқадар зиёд тавонистанд давлати моро ба қуллаҳои назаррас бирасонанд. Мо ҷавонон масъулияти бештаре барои ҷавоб ба ин ғамхориҳо дорем, чун ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон шудааст. Аз ин рӯ Тоҷикистонро ба қуллаҳои аз ин ҳам баланд расонидан вазифаи мост».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво