29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАЪВАТНОМА барои иштирок дар конференсияи илмию-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани бехатарии сейсмикии шаҳрҳо ва минтақаҳои аҳолинишин»

639
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳидоят намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон намудани соли 2017, таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 ноябри соли 2017 баргузории конференсияи илмию-амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Баланд бардоштани бехатарии сейсмикии шаҳрҳо ва минтақаҳои аҳолинишин» ба нақша гирифтааст.
Мақсади асосии конференсия мубодилаи афкори илмӣ-амалӣ, муайян намудани дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди лоиҳакашӣ, муҳокимаи масъалаҳои бехатарии сейсмикии шаҳрҳо ва минтақаҳои аҳолинишин баҳисоб меравад.
Дар ҷумҳурӣ таҷрибаи бузург оид ба гузаронидани муоинаи техникии бино ва иншооти дар натиҷаи зилзила ва хокҳои фурӯнишин зарардида, таҳияи лоиҳаҳо оид ба тақвият ва барқарор намудани биноҳо инчунин, дар таҷриба амалӣ намудани ин лоиҳаҳо ҷамъ гардидаанд. Аён аст, ки таҷрибаи паст кардани хавфи сейсмикии дар ҷумҳурӣ ҷамъшуда, бояд дастоварди доираи васеи мутахассисон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардида, ин таҷрибаро дар фаъолияти амалии худ татбиқ намоянд.
Хоҳишмандонро барои ширкат варзидан дар конференсияи баргузоршаванда лутфан даъват менамоем.
Итминон дорем, ки иштироки Шумо дар кори конференсия саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Қайди иштирокчиёни конференсия: 17 ноябри соли 2017 аз соати
9-00 дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода 36.


Бо эҳтиром,
Кумитаи тадорукот

Телефонҳо барои тамос: 227-77-60; 223-02-00; 221-41-37.
E-mail: niisa.tj@mail.ru.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво