29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ба қатори маконҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад

806
Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ба қатори маконҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавадБоғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба қатори маконҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад.

Ин матлаб имрӯз, 6 ноябри соли 2017 зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боғ таъкид гардид. Вобаста ба ин Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки минбаъд сайёҳон дар қатори дигар мавзеъҳои таърихӣ аз ин боғ низ дидан намоянд.

Ҳамзамон Пешвои миллат изҳор намуданд, ки Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ бояд ба як мавзеи дилнишини сайру саёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахти азизамон табдил ёфта, дар он пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор карда шаванд.

Ба андешаи Роҳбари давлат, миллати мо аз қадим ҳамчун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин маъруф аст ва мо вазифадорем, ки ба масъалаи ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳру ноҳияҳо, ҷодаву хиёбонҳо ва маҳалли зисти худ, махсусан шаҳри Душанбе эътибори хосса диҳем. Зеро пойтахт оинаи давлат, муаррификунандаи симо ва сатҳи фарҳангу маърифати миллат мебошад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки минбаъд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба масъалаи нигоҳубин кардану ба роҳ мондани фаъолияти доимии он эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво