17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«МБГ-2»-и шаҳри Душанбе гармидиҳиро афзун мекунад

742
Рӯзҳои наздик бинобар сардшавии ҳаво Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин сохтани саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо барқу гармӣ иқтидорҳои худро зиёд мекунад. Дар ин бора имрӯз сардори Маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод.

Нозирҷон Ёдгорӣ иброз дошт, ки Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе охири моҳи октябри соли равон ба кор шуруъ кард ва дар айни ҳол иқтидори истеҳсолии он ба 240-260 МВт неруи барқ ва 30—35 Гкал/соат гармӣ баробар мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар як вақт корҳои омодасозӣ ва пайваст намудани манзили сокинони пойтахт ва идораю муассисаҳо бо гармӣ идома доранд.

Дар назар дошта шудааст, ки рӯз то рӯз вобаста ба тағйирёбии вазъи обу ҳаво иқтидори истьеҳсолии марказ зиёд мегардад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 3 — 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, минбаъд дар тамоми манотиқи мамлакат пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе моҳи декабри соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор доданд. Хишти аввали сохтмони ин иншоот бошад, ки иқтидори пуррааш 300 МВт-ро ташкил медиҳад, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво