ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» қаҳрамони мусобиқаи футбол гашт

ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» қаҳрамони мусобиқаи футбол гашт

Чуноне ки аз сомони расмии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.tajsohtmon.tj огоҳ ҳастанд, шурӯъ аз 16 октябри соли 2017 бахшида ба соли ҷавонон ва тарғиби ҳаёти солим бозии футбол миёни тамоми корхонаву воҳидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оғоз гардида буд.
Дар рӯзи аввали чорабинӣ дастаи КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» бо ҶСК «Корезлоиҳа» рақобат карданд, ки дар натиҷа бозиро ҶСК «Корезлоиҳа» бо ҳисоби 7:4 бохт. Дар ҳамон рӯзи нахуст ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» ҳарифи худ Хадамоти назорати давлатиро бо ҳисоби калони 13:0 мағлуб кард. Бозингарони дастаи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ бошад, нагузоштанд то Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе аз онҳо пеш гузарад ва бо 5 голи худ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозиро, ки ба онҳо 4 гол зада буд, мағлуб гардонданд.
Риштаи бозии рӯзи дуюмро ҶСК «Саноатсоз» бо ҶСК «Душанбешаҳрсоз» кушоданд. Дар ин навбат ҶСК «Саноатсоз» натавонист бар ҳарифаш дастболо шавад ва бо ҳисоби 4:5 аз дастаи ҶСК «Душанбешаҳрсоз» шикаст хурд. КВД «Лоиҳакаш» - ро дар аввалин рӯзи бозӣ бахт ба рӯяшон хандид, зеро онҳо дастаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карданд.ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» қаҳрамони мусобиқаи футбол гашт

ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» пешсафии худро аз даст надода, дастаи ҶСК «Корезлоиҳа»- ро бо ҳисоби 9:3 аз майдон берун кард. Раёсати экспертизаи давлатӣ иҷозат надод, ки Хадамоти иҷозатномадиҳӣ дар аввалин бозии худ пирӯз шавад ва ҳамин тавр онро бо ҳисоби 12:4 шикаст дод.
Пирӯзии Раёсати экспертизаи давлатӣ як рӯз давом накард, зеро дар рӯзи чоруми бозӣ онро Кумитаи меъморӣ бо ҳисоби 7:4 мағлуб намуд. Рӯзи чоруми мусобиқа барои ҶСК «Саноатсоз» ҳам хуб набуд, чун ин даста низ ҳамон рӯз аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо чор голи хурда ва ду голи ҷавобӣ дастболо нашуд.
Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ ин навбат муваффақ нашуд, ки пирӯз шавад. ҶСК «Душанбешаҳрсоз» онро бо бартарияти як гол, яъне 4:3 шикаст дод. КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» рақами 7-ро шиори худ медонад, зеро дар ин навбат ҳам аз болои ҳарифи худ Хадамоти назорати давлатӣ бо ҳисоби 7:1 дастболо шуд.ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» қаҳрамони мусобиқаи футбол гашт

Дар рӯзи шашуми мусобиқа 5 даста байни ҳам рақобат карданд. Аввалин шуда ҶСК «Корезлоиҳа» ва Хадамоти назорати давлатӣ бозӣ карданд, ки дар натиҷа ҶСК «Корезлоиҳа» бо ҳисоби 7:2 пирӯз шуд. Пирӯзии ҶСК «Корезлоиҳа» - ро дида, ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» илҳом гирифт ва КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» - ро 9:2 шикаст дод. Кумитаи меъморӣ бошад, дар ин дидор Хадамоти иҷозатномадиҳиро нагузошт аз ду гол боло раванд ва дар натиҷа Хадамоти иҷозатномадиҳӣ бо ҳисоби 2:6 аз дастаи Кумитаи меъморӣ мағлуб шуд. ҶСК «Душанбешаҳрсоз» баъди ду пирӯзияш аз дастаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо ҳисоби 3:6 шикаст хурд. Бозии миёни Раёсати экспертизаи давлатӣ ва КВД «Лоиҳакаш» бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи КВД «Лоиҳакаш» эълон гардид.
Рӯзи 23 октябр алакай ҳафтумин рӯзи мусобиқа буд. Дар ин рӯз КВД «Лоиҳакаш» бо тарҳҳову тактикаҳои худ бе як иҷозате Хадамоти иҷозатномадиҳиро 12 гол зад. Дар ин бозӣ дастаи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ бо 4 голи ҷавобии худ шикаст хурд. Агар ҷамъи голҳои Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ва КВД «Лоиҳакаш» ба 16 баробар бошад, аз они Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ ва ҶСК «Саноатсоз» низ ба 16 мерасад, яъне Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ бар ҶСК «Саноатсоз» бо ҳисоби 10:6 дастболо шуд.ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» қаҳрамони мусобиқаи футбол гашт

Бозингарони дастаи ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» боз ҳам нагузоштанд, ки касе онҳоро мағлуб намояд ва бо 9 голи худ Раёсати экспертизаи давлатиро, ки 2 гол зада буд, мағлуб гардонданд. Дар идома Кумитаи меъморӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бозӣ карданд, ки дар натиҷа бо ҳисоби 5:7 Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе пирӯз шуд.
Дар охирин рӯзи бозиҳои гуруҳӣ КВД «Лоиҳакаш» дастаи ҶСК «Душанбешаҳрсоз» - ро бо ҳисоби 7:6 мағлуб кард. Ҳамчунин КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» бар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ бо ҳисоби 9:7 пирӯз шуд.
Рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ байни дастаҳои пирӯзи корхонаву воҳидҳои Кумитаи меъморӣ даври нимфиналӣ доир гашт. Дар ин рӯз ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» бо ҳарифи худ КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» рақобат кард, ки дар натиҷа бо ҳисоби 3:2 ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» дастболо шуд. Дар идомаи бозиҳои нимфиналӣ КВД «Лоиҳакаш» бо ҳисоби 3:1дастаи КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ»-ро шикаст дод.
Ҳамин тавр, дастаҳои Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ», ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» ва КВД «Лоиҳакаш» ба даври финалӣ роҳ ёфтанд.
Дар даври финалии бозии футбол миёни тамоми корхонаву воҳидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҳои Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» ба майдон баромаданд, ки дар натиҷа КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Баъд аз он ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» бо КВД «Лоиҳакаш» барои соҳиб шудани Ҷоми Кумита муҳорибаи шадид нишон доданд. Дар охир дастаи ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» бо задани 5 гол ба дастаи ҳариф ва як голи ҷавобӣ, қаҳрамони мусобиқа гашт.ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» қаҳрамони мусобиқаи футбол гашт

Дар маросими ҷоизасупорӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ғолибонро табрик намуда, қайд кард, ки дар ин ду ҳафтаи мусобиқа оид ба футбол бозингарон якдигарро омӯхта, аз ҳам хислатҳои некро гирифтанд. “Имрӯз ҳама ғолиб шуд. Яъне дӯстиву рафоқати Шумо боз ҳам зиёд гардид, ки ин мақсади асоси мо дар ташкил намудани бозӣ буд” – илова намуд АҳмадзодаҶ.Ҷ.
Дар расми ҷамъбастии мусобиқа аз тарафи Кумита ба беҳтарин дастаҳо ва бозингарон тӯҳфаҳои хотиравӣ эҳдо гардид. Аз ҷумла, сипоснома барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи хурд бахшида ба Соли ҷавонон ба Ҷумъа Зокир сардовари ин мусобиқа супорида шуд. Ҳамчунин бозингари беҳтарин Ҷовидон Ғиёсов аз КВД «Лоиҳакаш», тӯбзани беҳтарини мусобиқа Ҷомӣ Ашӯров аз ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» ва дарвозабони беҳтарин Бахтовар Лолаев аз КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» бо сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» қаҳрамони мусобиқаи футбол гашт
Мукофоти Кумита барои ишғол намудани ҷои сеюм дар мусобиқа оид ба футболи хурд насиби КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» гашт. КВД «Лоиҳакаш» барои гирифтани ҷои дуюм қадрдонӣ шуда, Ҷоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷои якум ва ғолиб шудан дар мусобиқаи хурди футбол бахшида ба Соли ҷавонон ба ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» тақдим гардид.
Неъмат Раҳмат

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво