23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гузошта шуд

1326
Дар маркази ноҳияи Айнӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои Қасри фарҳанги ноҳияро ифтитоҳ намуд.

Қасри фарҳанг дар заминаи собиқ бинои синамо, ки соли 1980 бунёд шуда, дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт, таъсис ёфтааст.
Корҳои таъмиру тармим ва барқарорсозӣ соли 2014 аз ҷониби идораи сохтмони асосии вилояти Суғд оғоз гардида, маблағи умумии лоиҳа 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Иншооти мазкур, ки дар ҷойи хеле намоёни маркази ноҳия қомат афрохтааст, аз толори асосӣ бо 400 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои ёрирасон барои кормандони соҳаи фарҳанг, толори махсус дар ошёнаи дуюм ҳамчун осорхона, синфхонаи компютерӣ, омӯзиши рақсу сурудхонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, утоқҳои корӣ барои шуъбаи фарҳанги ноҳия иборат мебошад.
Бинои Қасри фарҳанг бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, намои асосии бино аз 6 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Иншооти мазкур ба симои ноҳияи Айнӣ ҳусни тозае зам кардааст.
Дар майдони даромади Қасри фарҳанг ду фаввора ҷойгир карда шуда, гирду атрофи майдон бо дарахтон ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ, системаи равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити бинои нави Қасри фарҳанг Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори меъморон, бинокорон ва устоҳои моҳир баҳои баланд дода, изҳори сипос намуд.
Акнун аҳли ҳунари шуъбаи фарҳанг бо истифода аз ин шароити мусоид, ки роҳбарияти давлату ҳукумат барои онҳо муҳайё сохт, имкон доранд, тамоми чорабиниҳои фарҳангиро дар сатҳи хуб омода карда, дар тарбияи фарҳангию маърифатии сокинон саҳм гузоранд.
Дар толори боҳашамат, пурнақшу нигор ва қандилҳои зебо ҳунармандони ноҳия бо нишони қадршиносӣ нисбат ба ғамхориҳои Сарвари давлат барномаи рангини консертӣ омода ва пешкаш карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандони ноҳияро ба таҳияи барномаҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ ҳидоят намуд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва мардуми ноҳияи Айнӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Сарвари давлат бунёду ифтитоҳи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Қасри фарҳанг ва роҳи Айнӣ - Панҷакентро ба сокинон муборакбод гуфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳоро туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлат ба мардуми водии Зарафшон барои пуштибонии амиқ аз сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.
Президенти мамлакат зимни суханронии хеш дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, бунёди иншооти ҳаётан муҳими стратегӣ дар ноҳия, фаъолияти пурсамар сокинони ноҳия андешаронӣ карда, ба онҳо барои истиқболи самимӣ ва талошҳои шабонарӯзиашон изҳори сипос намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ оид ба ҳаёт, шахсият, нақшу осори ибратомӯз ва дигар хислатҳои накуву матиниродагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ изҳори андеша карда, бо нишони қадршиносӣ ва бузургдошти ин шахсияти бузурги илму адаб пешниҳод намуд, ки Қасри наву бошукуҳи фарҳанги ноҳия ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гузошта шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат аз ҷониби сокинони ноҳия бо хушнудӣ истиқбол гирифта шуд.
Ҳамчунин Президенти мамлакат ба роҳбарияти вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ супориш дод, ки дар маркази ноҳия як толори бошукуҳи варзишӣ бунёд намоянд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи сокинони ноҳияро бо ҷашни 150 - солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва ифтитоҳи иншооти муҳим табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз дошт, ки мардуми ноҳия ва вилоят ҷашни бузурги дар пешистода 25 – солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро бо дастовардҳои беназир истиқбол мегиранд.
Сокинони ноҳияи Айнӣ бо нишони қадршиносӣ ва рамзи садоқат аз талошҳои Президенти мамлакат баҳри рушду ободии ноҳия ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво