20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар доираи Намоишгоҳи «Китоби Душанбе» озмуни «Шоҳномахонӣ» доир гардид

694
25 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи чорабиниҳои Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» озмуни «Шоҳномахонӣ» бо иштироки хонандагони мактабҳои миёна сурат гирифт.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар озмун зиёда аз 20 нафар хонандагони фаъоли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияи Файзобод, ки ба хондани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ шавқу ҳавас доранд, маҳорати худро санҷиданд.

Хонандагон асосан порчаҳоро аз достонҳои «Рустам ва Сӯҳроб» ва «Кова ва Заҳҳок» манзури ҳайати ҳакамони озмун ва тамошобинон гардониданд.

Иштирокчиёни фаъоли озмун дар маросими пӯшидашавии Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» қадрдонӣ мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво