29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштироки Академияи мақоми Тоҷикистон дар Фестивали IV байналхалқии мусиқӣ дар Москва

776
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Фестивал- симпозиуми IV байналхалқӣ таҳти унвони «Харитаи мусиқии ҷаҳон» ифтитоҳ ёфт, ки дар он гурӯҳи санъаткорон аз Академияи мақоми Тоҷикистон бо сарварии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов иштирок доранд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, фестивал аз ҷониби Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И.Чайковский ва Маркази илмию эҷодии «Музыкальные культуры мира» баргузор гардида, дар барномаи он дарсҳои назариявӣ, дарсҳои сайқали маҳорат ва барномаҳои консертӣ ҷой дода шудаанд.

Дар фестивал устодони санъати касбӣ ва коршиносон аз Бразилия, Индонезия, Германия, Эрон, Япония ва дигар кишварҳо иштирок доранд.

Дар доираи фестивал Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов дар мавзӯи «Арӯз ва мусиқӣ» ба иштирокчиёни Фестивал маърузаи худро манзур дошт ва дар мавзӯи «Бастакорӣ — эҷодиёти овозхонии анъанавӣ» дарси сайқали маҳорат гузаронид.

Бояд тазаккур дод, ки фардо, 24 октябри соли ҷорӣ дар толори консертии ба номи Н. Я. Маяковский барномаи консертӣ таҳти унвони «Олами беканори Шашмақом» баргузор мегардад. Дар он устодони санъати тоҷик Абдувалӣ Абдурашидов, Сироҷиддин Ҷӯраев, Ҷамшед Эргашев ва Насиба Омонбоева ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво