Парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард

Парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардид.

Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур зикр намуданд, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди марзиву маъмурие дониста шудааст, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Ҳамзамон дар лоиҳаи қонуни мазкур кафолатҳои таъмини функсияҳои пойтахт муайян шуда, ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт дар алоҳидагӣ муайян гардидаанд. Инчунин меъёри мушаххас оид ба ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда, асосҳои ба амал баровардани фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар ҳудуди пойтахт ва хусусиятҳои таъминоти моддӣ ва молиявии пойтахт муқаррар шудаанд.

Дар ҷаласаи Парлумон ҳамзамон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» тағйироту илова ворид карда шуд. Масъалаи мазкурро дар назди вакилон Ҷамшед Нурмуҳаммазода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон шарҳ доданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба роҳ мондани низоми самараноки баҳисобгирии таърихи қарз, кам намудани арзиши қарз ва хавфи он, рушди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ, инчунин қарздиҳӣ ба соҳибкорони хурд, дар маҷмӯъ барои васеъ намудани имконияти қарздиҳии ташкилотҳои қарзӣ ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва рушди иқтисодии Тоҷкистон таҳия гардидааст.

Инчунин вакилони Парлумони мамлакат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаолияти суғуртавӣ» тағйироту илова ворид намуданд. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйироту илова мутобиқ намудани муқаррароти қонуни мазкур ба вазъи ҳуқуқии мақоми нави назорати суғуртавӣ ва афзудани самаранокии танзим, назорати бозори суғурта, инчунин таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ ва манфиатҳои давлат мебошад.

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво