29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оғози бозиҳои футбол барои дарёфти Ҷоми Кумита

1035
Бахшида ба соли ҷавонон рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ бозии футбол миёни тамоми корхонаву воҳидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи ин чорабинӣ Сафаров Абубакр – сардори раёсати корҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки бозии мазкур барои ба даст овардани Ҷоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмон буда, мақсад аз ташкил намудани чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни кормандон ва тарғиби ҳаёти солим мебошад. Ҳамчунин, масъулини мусобиқа хабар доданд, ки маддати як ҳафта 12 дастаи варзишгарон байни ҳам сабқат намуда, дар охир ғолибон муайян карда мешаванд.
Оғози бозиҳои футбол барои дарёфти Ҷоми  Кумита


Ҷадвали мусобиқот ва натиҷаҳои он:
16.10.2017 – душанбе – варзишгоҳи истгоҳи ҷанубӣ
17:00 – 18:00. КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» - ҶСК «Корезлоиҳа» 7-4
18:00 – 19:00. Хадамоти назорати давлатӣ - ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» 0-13
19:00 – 20:00. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе - Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ 4-5

17.10.2017 – сешанбе – маҷмааи варзишӣ
17:00 – 18:00. ҶСК «Саноатсоз» - ҶСК «Душанбешаҳрсоз» 4-5
18:00 – 19:00. Кумитаи меъморӣ - КВД «Лоиҳакаш» 2-2

18.10.2017 – чоршанбе – варзишгоҳи истгоҳи ҷанубӣ
17:00 – 18:00. ҶСК «Корезлоиҳа» - ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП»
18:00 – 19:00. Раёсати экспертизаи давлатӣ - Хадамоти иҷозатномадиҳӣ

19.10.2017 – панҷшанбе – маҷмааи варзишӣ
18:00 – 19:00. Раёсати экспертизаи давлатӣ - Кумитаи меъморӣ
19:00 – 20:00. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе - ҶСК «Саноатсоз»

20.10.2017 – ҷумъа – варзишгоҳи истгоҳи ҷанубӣ
17:00 – 18:00. Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ - ҶСК «Душанбешаҳрсоз»
18:00 – 19:00. КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» - Хадамоти назорати давлатӣ

21.10.2017 – шанбе – маҷмааи варзишӣ
8:00 – 9:00. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе - ҶСК «Душанбешаҳрсоз»
9:00 – 10:00. ҶСК «Корезлоиҳа» - Хадамоти назорати давлатӣ
10:00 – 11:00. КВД «ПИТ Сохтмон ва меъморӣ» - ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП»
11:00 – 12:00. Хадамоти иҷозатномадиҳӣ - Кумитаи меъморӣ

23.10.2017 – душанбе – варзишгоҳи истгоҳи ҷанубӣ
17:00 – 18:00. Хадамоти иҷозатномадиҳӣ - КВД «Лоиҳакаш»
18:00 – 19:00. Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматӣ - ҶСК «Саноатсоз»

24.10.2017 – сешанбе – маҷмааи варзишӣ
17:00 – 18:00. Раёсати экспертизаи давлатӣ - КВД «Лоиҳакаш»

Эзоҳ: Вобаста ба тағйирёбии ҳаво ба ҷадвали бозиҳо тағйирот ворид карда мешавад.

Неъмат Раҳмат,
мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво