29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нақбҳои зодаи Истиқлолият бояд сохтори нигоҳубин дошта бошанд!

816
Нақбҳои зодаи Истиқлолият бояд сохтори нигоҳубин дошта бошанд!
Чанде қабл муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи воқеии нигоҳдории нақбҳои амалкунанда дар роҳҳои автомобилгарди кишвар ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Муовини Сарвазири кишвар зикр намуд, ки новобаста аз мушкилиҳои молиявӣ, зарурати иқтисодиву сиёсӣ водор сохта буд, ки бо мақсади дар тамоми фасли сол пайваст нигоҳ доштани робитаи заминӣ бо минтақаҳои кишвар якчанд нақбҳо ба истифода дода шаванд. Вобаста ба ин, бо ибтикору роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар як муҳлати начандон тӯлонӣ 5 нақби роҳи автомобилгардро бо дарозии 18 км, бо маблағи умумии 248,3 миллион доллари ИМА сохта, барои истифода ба сокинони кишвар пешниҳод намояд. Имрӯзҳо нақш ва аҳамияти иқтисодии нақбҳо ва саҳми онҳо барои роҳҳои автомобилгарди кишвар ба ҳамагон маълум аст. Аммо, ба истифода додани нақбҳо ин интиҳои кор набуда, дар вазъи хуби корӣ нигоҳ доштану ба наслҳои оянда расонидани онҳо бояд аз афзалиятҳои Вазорати нақлиёт ба шумор равад.

Маврид ба зикр аст, ки дар замони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақбҳои автомобилгард умуман вуҷуд надоштанд. Мусаллам аст, ки роҳҳо ба мисли шоҳроҳҳои хунгард барои иқтисодиёт муҳим ва зарур мебошанд. Бо дарки чунин аҳамияти бузурги иқтисодӣ доштани роҳҳо бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯтоҳ намудани масофаи роҳ, сарфаи сӯзишворию қисмҳои эҳтиётӣ ва сабуктар гардонидани заҳмати ронандаҳо роҳу пул ва нақбҳо бунёд гардиданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қариб дар ҳамаи нақбҳо камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд ва яке аз сабабҳои асосии онҳо дуруст ба роҳ намондани нигоҳубину хизматрасониҳо мебошад. Камераҳои мушоҳидавӣ, назорати компютерии вазъи дохили нақб, маҷмааҳои ҳаводиҳӣ бояд дар ҳолати кории доимӣ қарор дошта бошанд. Дар нақбҳои “Хатлон”, “Озодӣ”, “Истиқлол” ва “Шаҳристон” қисме аз фурӯзонакҳову ҳавотозакунакҳо ва қариб, ки ҳамаи дастакҳои сӯхторхомӯшкунӣ ниёз ба иваз кардан доранд. Сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини коршоямии техникаю таҷҳизот ба талабот ҷавобгӯ набуда, мутахассисон ниёз ба бозомӯзӣ доранд.

Илова бар ин, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани дохили нақбҳо бояд сохторҳои хизматрасон бо мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва шустани нақб, мошини махсус (гидрорукав) барои таъмиру иваз намудани фурӯзонакҳо ва ҳаводиҳандаҳои сақфи нақб ва мошин барои таҳвили воситаҳои нақлиётӣ аз дохили нақб муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Таъкид карда шуд, ки нақбҳо барои солҳои тӯлонӣ хизмат расонидану интиқоли молу коло ва мусофиркашонӣ пешбинӣ шудаанд ва мо масъул мебошем, ки хизматрасонии онҳоро тавре ба роҳ монем, ки ба дароз гардидани умри онҳо мусоидат намояд.

Дар интиҳо муовини Сарвазир бо мақсади бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ба Вазорати нақлиёт вобаста ба масъалаҳои таъсиси муассисаи нигоҳдории нақбҳо, шабакаҳои равшанидиҳии роҳҳо, бозомӯзӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи хизматрасонии нақбҳо, дастрас намудани техникаю таҷҳизоти зарурии нигоҳдории нақбҳо, гузаронидани мониторинги пайвастаи ҳолати техникии нақбҳо, хусусан тағйирёбии таровиши об дар нақби Хатлон, насби камераҳои мушоҳидавӣ ва назорати компютерии дохили нақбҳо мутобиқи талаботи технологӣ дастурҳои мушаххас дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво