20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» оғоз гардид

686
Имрӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мегардад, Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара -2017» ба кор оғоз намуд.

Тавре аз макони баргузории ин ҳамоиш иттилоъ дод, ҳадафи Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» муаррифии иқтидор ва имконоти инвеститсионии вилояти Хатлон, бахусус Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба доираҳои соҳибкорону тоҷирони хориҷӣ ва ширкатҳои пуриқтидор мебошад.

Дар Форуми байналмилалии иқтисодии «Данғара-2017» намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, олимон ва 250 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ аз кишварҳои хориҷии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Афғонистон, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон иштирок доранд.

Аз ҷараёни баргузории ин форум маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво