28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз 11 июли соли 2017 №60/ф ш. Душанбе Дар бораи тасдиқи МҚШ ҶТ 30-05-2017 «Қоидаҳои иморатсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 120.030.030.

1222
Ф А Р М О И Ш

аз 11 июли соли 2017 №60/ф ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи МҚШ ҶТ 30-05-2017 «Қоидаҳои
иморатсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

120.030.030.

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 4 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚШ ҶТ 30-05-2017) «Қоидаҳои иморатсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, фармоишгарон, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва пудратӣ ҷиҳати татбиқи муқаррароти фармоиши мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.


Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода

Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2017, таҳти рақами 903 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво