28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТАҶЛИЛИ ИДИ ЗАБОН ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

1273
Бо шарофати самари соҳибистиқлолӣ мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа боло рафта, эҳтирому бузургдошти он боз ҳам бештару беҳтар ба мушоҳида мерасад. Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, мустақилияти кишвар аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ ба шарофати иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ садо медиҳаду танинандоз мегардад. Ҳамасола дар мамлакат 5-октябр чун Иди забони тоҷикӣ дар сатҳи баланд, бошукӯҳу хотирмон таҷлил шуда, дар доираи пазироии он дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар озмунҳои гуногун доир мешаванд.
Соли равон низ истисно нест, ҷиҳати гиромидошти забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Қаҳрамони нахусти Тоҷикистон, Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ баҳри пояндагӣ ва устувории забони тоҷикӣ чун забони миллати тоҷикон бо ташаббуси нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Озмуни ҷумҳуриявӣ созмон дода шуд, ки дар он адибону олимон, муаррихон ва дигар нафарони касбу кори гуногун ширкат дошта, аз ташаккули забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ, хизматҳои барҷастаи устод Садриддин Айнӣ ҷиҳати мақому манзалати забони тоҷикӣ, нақши он дар давлатдории тоҷикон, рушди минтақавии фарҳанг дар Осиёи Миёна фикру мулоҳизаҳои худро дар шакли мақола арзонӣ доштанд.
Ба хотири натиҷабардорӣ аз ин Озмун дар ноҳияи Айнӣ бо ширкати васеи мехмонон-адибон, олимон, рӯзноманигорон, ходимони илм, ки аз Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ташриф оварда буданд, як ҳамоиши басо рангину самимӣ доир гашт, ки хеле таассуротангез ҷараён гирифт.
Қабл аз шурӯи ҳамоиши Иди забон ширкаткунандагони чорабинӣ, субҳи барвақт ба деҳаи Зосун рафта, он ҷо аввал аз мақбара ва баъдан аз осорхонаи охирин намояндаи адабиёти классикии тоҷик Муҳаммаднақибхон Туғрали Ахрорӣ, оне, ки бо осори хеш нерӯмандӣ ва муассирии забони тоҷикиро ба дӯстдорони назм нишон додааст, боздид намуда, муддате бо қироати байтҳои нотакрору ҳамзамон ғанӣ аз мазмун ёд карданд. Фарзанди ягонаи шоир, ки имрӯз офтоби умраш ба наздикии 80 расидааст Муаттари Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ меҳмононро дар ҳавлии падар истиқбол гирифта, аз чунин арҷгузории аҳли ҷомеа, ҳукумат ва давлати Тоҷикистон арзи сипос кард.
-Хизматҳои шоирро дар инкишофи забони ноби тоҷикӣ бо офаридани беҳтарин ғазалҳои дилошӯбу фарогири маонии васеи рӯзгори инсон Шоири Халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ таъкид дошта, баҳри хозирин намунаҳо пеш овард, ки тақвияти соҳибистеъдодии Нақибхон Туғрали Ахрорӣ буданд.
-Инсон бо он ҳама дарду аламҳояш- адлу инсоф, ишқи пок меҳвари асосии эҷодиёти шоир буд,- иброз дошт Раҷабалӣ Кудратов, публитсист, Корманди Хизматнишондодаи Тоҷикистон,- боз солҳо хоҳанд гузашт, аммо шеъри Туғрал бо забони тоҷикӣ беҳтар садо дода, дар қалби дӯстдорони шеъру адаб манзил хоҳад гирифт.
Сипас, дар маркази шаҳраки ноҳия, ки номи устод Айниро ба худ дорад, маросими ифтитоҳи гӯшаи гулобод бо таҷдиди пайкараи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон- устод Садриддин Айнӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он баробари меҳмонони зиёд, бошандагони маркази ноҳия, аз ҷамоатҳои ноҳия ширкат карданд. Акнун пайкараи устод Айнӣ ба сокинони ноҳияву меҳмонон дар мавқеъи баланд ҷойгузин шуда, ба таври намоён падидор мегардад. Ин гӯшаи гулободро баробари сабзаву себаргаҳои омезиш бо гулҳои рангоранги тару тоза, ҳамчунин навиштаҳо дар девори гирдогирди мавзеъ аз таръриху ташаккули ноҳияи Айнӣ зеб мебахшад.
ТАҶЛИЛИ ИДИ ЗАБОН ДАР  НОҲИЯИ АЙНӢ


- Ба чунин мақом расидани забони тоҷикиву дар ҳар хонадони мо садо додани забони тоҷиқӣ аз талошу такопӯйҳо, ҷонфидоиву ҷонбозиҳои пайвастаи устод Садриддин Айнӣ сахт иртибот мегирад,- иброз медорад профессор Мурод Муродӣ, донишманди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон,- бо навиштани даҳҳо мақолаву китобҳои худ, хосатан «Намунаи адабиёти тоҷик» устод ба аҳли ҷомеа собит месозад, ки миллате бо номи тоҷик буду ҳаст ва таърихи ташаккули худро дораду чун дигар халқҳои ҷаҳон ҳуқуқи дар ин дунё зистану давлат доштан ва ҳуқуқи эҷод кардан дорад.
-Чун сухан аз мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа меравад ҳатман мо ба ёд меоварем аз устод Садриддин Айнӣ, талошҳои беохири ӯ, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз расаду боиси ифтихор бошад, қатори садҳо дигар забонҳои халқҳои дунё аз баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ садо диҳад,- мегӯяд Ҳақназар Ғойиб, Шоири Халқии Тоҷикистон.
Доиршавии барномаи махсуси идонаи мусиқӣ-адабӣ ва ҷамбасти ҷумҳуриявии Озмун бахшида ба Иди забон ва гиромидошти хидматҳои арзандаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар Кохи фарҳанги маркази ноҳия идомаи мантиқии чорабиниҳо маҳсуб меёфт, ки дар сатҳи баланд пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Нахуст Неъматулло Раҳматзода, раиси ноҳия ахли толор, ба вижа меҳмонони зиёд аз пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ташриф овардаро хайрамақдам гуфта, аз ташаббуси неки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» хотиррасон кард.
Чорабинии мазкур бешубҳа, дар арҷгузории забони давлатӣ-забони тоҷикӣ нақши муассир хоҳад гузошт,- гуфт раиси ноҳия,- зеро эҳтиром гиромидошт ба ҳар халқу миллат маҳз аз забони ӯ оғоз меёбад. Бе ваҷҳ забонро пояи миллат нагуфтаанд. Аз мақоми замони муосири забони давлатӣ ҳарф зада, мо ҳатман талошҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид месозем. Зеро аз оғози сарварӣ ба кишвар Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон худ чун намуна дар ҳар маърака: чи дохили ҷумҳуриву чи сатҳи байналхалқӣ бо забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Ба шарофати Президенти мамлакат ҷаҳониён имрӯз донистанд, ки тоҷикону Тоҷикистон чи халқу давлатест ва чи таърихе дорад.
Ҳайати таҳрири нашрияи расмии Тоҷикистон «Ҷумхурият» дар асоси мутоила, таҳлилу баррасии ҳаматарафа аз зиёда аз 100 мақолахои ба Озмун ирсолшуда, 50-тоашро мавриди чоп қарор дода, дар ин замина ғолибонро низ муайян кард ва бо таври тантанавӣ зери мавҷи кафкӯбиҳои бардавоми аҳли толор онҳоро бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд. Маврид ба зикр аст, ки дар Озмун аз беҳтарин адибони кишвар: Шоирони Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғойиб, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғойиб, Камол Насрулло ва Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов иштирок дошта, бо мақолаҳои мондагори хеш аз марҳилаҳои паси сар кардаи забони тоҷикӣ, хизматҳои воқеан ҳам қаҳрамононаи устод Айнӣ ёдовар шудаанд. Кулли ин мақолаҳо интизорӣ меравад, ки бо дастгирии мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар шакли китоб чоп ва ба дасти хонандагон хоҳад расид.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири «Ҷумҳурият» арси сипоси ҳайати таҳрири рӯзномаро ҷиҳати дастгирӣ ба мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ба кулли он нафароне, ки фаъолона бо самари хомаи худ дар ин Озмун иштирок карданд расонид ва таъкид кард, ки ҳадаф аз баргузориҳои чунин озмунҳо, қабл аз ҳама, арҷгузорӣ ба забони модарӣ-давлатӣ ва гиромидошти фарзонафарзандони миллат, ки баҳри инкишофи забон, мақому манзалати он талош варзидаанд.
Хулосаи иброздоштаи аҳли ҷомеа он аст, ки:
Дар ҳадди сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад ватандор аст ӯ
То забон дорад, бисёр аст ӯ!
Ҷовиди Аштӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво