18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РЎЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МЕЪМОРӢ МУБОРАК!

757
РЎЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МЕЪМОРӢ МУБОРАК!
Меъморони муҳтарам, ҳамкасбони гиромӣ!

Бо камоли майл мехоҳам аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо бо ин ҷашни касбӣ – «Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ» самимона муборакбод менамоям.
Ихтисоси меъморӣ дар ҷамъият яке аз касбҳои бонуфуз ба ҳисоб рафта, ҳамеша диққати бештареро дар байни мутахассисон ва он ҷамъияте, ки ояндаи дуру дурахшони Тоҷикистони азизамонро бо чашми нек менигаранд, касб намудааст.
Аз ин лиҳоз, барои ташаккули пойдории зисту зиндагонии мардум мо меъморону сохтмончиён дар назди ҷамъият, дар назди насли ояндаи миллат як масъулияти хосаеро бар ӯҳда дорем.
Бисёр муҳим аст, ки меъморон анъанаҳои бойи миллии аз наслҳои гузаштаамон боқимондаро нигоҳ медоранд, барои маҳфуз ва эмин нигоҳ доштани мероси таърихию фарҳангиамон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва дар баробари ҳамаи ин барои тарбия ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд саҳмгузоранд.
Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар ин самт эҷодиёти бойи миллӣ, таҷриба ва истифодаи усулҳои навини меъморони ҷумҳурӣ метавонад имконияти сохтмони биноҳои истиқоматии камхарҷ ва бо ҳузуру ҳаловатро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба бор оварад ва ҳамзамон шаҳру ноҳия ва маҳалҳои худро зебо ва барои зиндагӣ муносиб гардонад.
Ба ҳамаи Шумо меъморони гиромӣ, дар касбу коратон муваффақият, ташаббус ва тахаюли баланди эҷодӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон бурдбориҳо орзумандам.

Бо камоли эҳтиром,

Раиси Кумитаи меъморӣ
ва сохтмони назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамшед Аҳмадзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво