28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тавзеҳи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1114
Имрӯзҳо сар то сари ҷумҳурӣ мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо намояндагони касбу кори гуногуни ҷумҳурӣ доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Парлумони Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома доранд.
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи чунин мулоқотҳо Раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Лутфия Нусратуллоевна, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душнбе Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, Сардори Рёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саидализода Шоира, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, намояндаи Маркази миллии қонунгузорӣ Рустам Суҳроб ва сардори шуъбаи танзими Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе Норасов А. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавзеҳи  Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон низ дар замони истиқлол вобаста ба вазъу ҳолати ҷомеаи худ талош мекунад қонунҳое қабул намояд, ки ҷомеаро ба роҳи рушду шукуфоӣ ҳидоят намоянд ва пешрафти онро таъмин созанд.
Яке аз чунин қонунҳои воқеан миллӣ, ки баъд аз чандин муддати таҳқиқу мушоҳидаҳои масъулин ва бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 сол қабл бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Роҳбари давлат пешниҳод ва аз ҷониби парламент қабул гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» мебошад.
28 августи соли ҷорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари як зумра қонунҳои дигар Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба имзо расид.
Қонуни мазкур ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст ва ҳадафи дигари он рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму ойинҳои мардумӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои фарҳангу тамаддуни бою қадимии миллати тоҷик мебошад,-изҳори андеша намуд Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
Зимни мулоқот бо кормандони Кумита Раҷабова Л.Н. дар баромади худ нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба таври муфассал шарҳ дод. Ў қайд намуд, ки амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми 10 сол бори дигар собит намуд, ки сатҳи иҷтимоиёти мардум бо сарфаю сариштакорӣ боло рафтааст. Тағйиру иловаҳои навбатӣ низ ба манфиати аҳолӣ нигаронида шуда, дар асоси талабу дархости сершумори мардум ва таҷрибаи мусбати андӯхтаи кишварҳои ҳамсоя амалӣ карда шудаанд. Тамоми тартиби гузаронидани маросимҳои дафну азодорӣ дар асоси ҳукми шариат ва дини мубини ислом таҳия гардида, орӣ аз хурофотпарастӣ мебошанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Л.Н. дар баромади худ қайд намуд, ки қабули ду Қонуни миллӣ, яке Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигаре Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар кишварҳои минтақа ҳамто надорад ва имрӯз қонунгузорони ин давлатҳо кӯшиш доранд, ки чунин қонунҳои ба манфиати мардум қабулшударо дар кишварҳои худ амалӣ намоянд. Дар Қонуни нави танзим меъёрҳои нави қонунгузорӣ илова шудаанд, ки барои гузаронидани маъракаҳои шодиву хурсандӣ ва дафну азодорӣ сабукиҳоро пешбинӣ намудаанд.
Бо мурури замон он хурофоте, ки ба анъанаҳои мардумии бархе аз минтақаҳои мо дохил шуда, боиси серхарҷии аҳолӣ шуда буд, манъ карда шуда, тағйироти иловашуда танҳо ба манфиати буҷаи оилавии ҳар як сокини кишвар равона карда шудаанд,- гуфт Раҷабова Л.Н.Тавзеҳи  Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душнбе Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба ҳозирин иттилоъ дод, ки гуруҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони касбу кори гуногун ба тамоми гушаю канори ҷумҳурӣ бо мақсади фаҳмонидани зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сафарбар гардиданд, ки аз натиҷаи кори онҳо ҳама аз васоити ахбори омма огаҳӣ доранд. Натиҷаи суҳбату вохуриҳо собит намуданд, ки мардум воқеан ҳам ҷонибдори ин тағйиротҳои воридгардида ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ, дар бораи таҳсилоти олии касбӣ, дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои таъмини рушди ҷомеаи имрӯза ва бо дарназардошти шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон қабул шудааст. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули ин қонун яке аз иқдомоти муҳим дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ, боиси ҳалли мушкилоти зиёди ҳаётан муҳими ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо, расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард.
Ба андешаи сардори шуъбаи танзими Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе Норасов А. ин қонун дурнамои хуб дорад ва дар дунё асар мекунад. Мо бояд дар тадбиқи ҳар як банди ин қонун саҳмгузор бошем,- гуфт ӯ. Норасов А. мафҳуми дастурхон ё хони маънавиро чунин шарҳ дод:
-«Дастурхони маънавӣ аз хондани дуову фиристодани дуруд иборат аст. Иборат аз ёди нек аз гузаштагон аст. Хайру эҳсон кардан, бемореро зиёрат кардан, сари ятимеро сила кардан- ин аст хони маънавӣ! Ба ин бояд бештар аҳамият дод»- таъкид намуд ӯ.
Яке аз омилҳои талоқ ин исрофкорӣ аст,- мегӯяд Норасов А. ва мисолеро овард, ки зане аз шавҳараш пинҳонӣ барои оростани дастурхони идона аз марди ҳамсояаш 1200 сомонӣ қарз гирифтааст ва ин боиси барҳам хурдани оила гардид.
Дар мавриди азодорӣ қайд намуд, ки агар дар хонадоне як нафар аз қайди ҳаёт гузарад, дар давоми як сол 50 ҷумъагӣ бояд гузаронад. Дар шаш моҳи соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ 3241 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки аз он дар 81 маврид қонуншиканӣ ба назар расид. Дар муддати 10 сол бошад, 91805 маърака ба қайд гирифта шуда, 30 ҳазор чорво забҳ карда шуд. Дар бораи ҳоҷизиёрат ӯ гуфт, ки манъ аст. Мардум метавонанд ҳоҷиро рафта бибинанд, вале маърака, забҳи чорво, дастурхон густурдан манъ аст. Норасов А. ҳамчунин таъкид кард, ки бе даъват ба ҷое наравед, ба хусус ба маъракаҳои хурсандӣ. Ба маъракаҳои азодорӣ бемамониат метавонед равед, чун он ҷо дигар нону намак намегузоранд. Дар ин ҷо маълум мешавад, ки шахс виҷдони маънавӣ дорад ё надорад. Рафта дуо крдану ёди нек кардан даркор, лекин ҳатто пайғамбари ислом (с.а.с) гуфтаанд, ки ҷое, ки даъват нашудаӣ, нарав, то иззатат боқӣ монад ва луқмаат ҳалол бошад! Пас ин фарҳанг дар маънавиёти мо ҳаст ва онро бояд бедор кард.
Дар анҷоми ҳамоиш Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. изҳори боварӣ намуд, ки тадбиқу риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Барои ин бояд Комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳар як сектори ташкилоти Кумита корро пурзӯр намуда, иҷрои онро таъмин намояд.

Табарова Д, мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво