16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Россия доир мегарданд

896
Аз 23 то 27 сентябри соли равон бо мақсади мустаҳкам гардидани робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар — Тоҷикистон ва Россия Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳайати расмӣ ва эҷодии Россия ба Тоҷикистон 23 сентябр меояд. Ба ҳайати эҷодӣ Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Трио»-и Консерваторияи Москва шомиланд.

Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли ҷорӣ, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар назар дошта шудааст.

Барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳоеянд, ки дар доираи Рӯзҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати меҳмонони Федератсияи Россия дар доираи баргузории Рӯзҳо ба шаҳри Норак сафар намуда, ба сокинони он барномаи консертӣ пешниҳод менамоянд.

Қобили зикр аст, ки Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан»-и Осетияи шимолӣ (Алания) дар зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон санъати хореографии Осетияро муаррифӣ кардааст. Ансамбл дорандаи медали «Дӯстии халқҳо» ва медали тиллои Фестивали байналмилалии панҷ қитъа дар Франсия мебошад.

Гурӯҳи овозадори созии «Трио»-и Консерваторияи Москва аз се нафар навозандагон ва санъатшиносони моҳир — Ирина Красотина, Евгений Румянсев ва Николай Агеев иборат аст. Гурӯҳи мазкур низ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон қалби ҳазорон нафар мухлисони санъатро бо навозиши нотакрори мусиқиҳои ҷаззоб мутаассир кардааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво