28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қонуни танзим - гарави зиндагии шоиста

2302
Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол,
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни танзим - гарави зиндагии шоиста
Дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон низ дар замони истиқлол вобаста ба вазъу ҳолати ҷомеаи худ талош мекунад қонунҳое қабул намояд, ки ҷомеаро ба роҳи рушду шукуфоӣ ҳидоят намоянд ва пешрафти онро таъмин созанд.
Яке аз чунин қонунҳои воқеан миллӣ, ки баъд аз чандин муддати таҳқиқу мушоҳидаҳои масъулин ва бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 сол қабл бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Роҳбари давлат пешниҳод ва аз ҷониби парламент қабул гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» мебошад.
28 августи соли ҷорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари як зумра қонунҳои дигар Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба имзо расид.
Қонуни мазкур ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст ва ҳадафи дигари он рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму ойинҳои мардумӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои фарҳангу тамаддуни бою қадимии миллати тоҷик мебошад.
Мардуми мо баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар мушкилоти дохилии солҳои аввали истиқлолият давраеро ба сар мебурданд, ки ниҳоят ҳассос буд ва илова бар ин, ҷаҳонро буҳронҳои шадиди молиявӣ фаро гирифта буданд. Дар баробари ин, мушкили дигаре, ки зиндагии мардумро сангинтар ва вазъи иқтисодиашонро фалаҷ карда буд, одатҳои ба ном мардумӣ, вале дар асл сарфу хароҷоти беҳуда дар тӯй ва азодориҳо буданд.
Ҳатто дар замоне, ки дар кишвар ҷанги хунини шаҳрвандӣ сар зада, халқ ба буҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ дучор омада буд, баргузор намудани чунин маросимҳо аз байн нарафт. Мардум бо мушкилиҳои хеле зиёд рӯзии худро ба даст меоварданд, аммо бо қарз гирифтани маблағҳои зиёд тӯю маросимҳои худро бо дабдаба баргузор мекарданд, ки ин боиси солҳо зери қарз мондани онҳо мегардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, сарфи назар аз мушкилоти зиёди дохилӣ, ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд ва ҳамеша аз доман паҳн кардани ин гуна одатҳо ва суннатҳои миёншикан изҳори нигаронӣ менамуданд.
Бо дарназардошти аҳаммияти масъала 9 июли соли 1999 дар шаҳри Душанбе машварати умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид, ки дар заминаи он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул шуд. Баъдан 27 ноябри соли 1999 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллӣ» таъсис дода шуд ва ба ҳайати он 22 нафар намояндагони вазорату идораҳо шомил гардиданд.
Соли 2007 баъди гузаронидани назарсанҷиҳои умумихалқӣ ва бо дарназардошти андеша, пешниҳод ва таклифҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардид.
Баъд аз қабули қонуни мазкур аз 70 номгӯй ҷашну маросимҳои миллӣ дар кишвар танҳо 15 номгӯйи онҳо боқӣ монд.
Ин қонун бо гузашти ҳамагӣ шаш моҳ тавонист, ки аз ҷониби халқ дастгирӣ ёбад, яъне натиҷаҳои назаррас ба бор оварад.
Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои Дафтари барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид 870 миллион нафар дар ҷаҳон барои хӯрдан ғизои кофӣ надоранд, ки ин ҳамасола боиси марги 2,6 миллион нафар кӯдакони то панҷсола мешавад. 66 миллион нафар кӯдакон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон гурусна ба мактаб мераванд, ки 23 миллион нафари онҳо дар қитъаи Африқо умр ба сар мебаранд.
Маросимҳои дафну азодорӣ аз замонҳои қадим то ба даврони мо бо шаклу усулҳои гуногун барпо мегарданд. Ва ҳар ҷомеае вобаста ба пайравӣ аз дину оини хеш онҳоро ба хотири хушнудии рӯҳи шахси фавтида баргузор менамояд.
Дар кишвари мо ва бисёре аз давлатҳои ҷаҳон маросими дафн ва ё азодориро наметавон бе омода намудани таом ва дигар навъҳои хӯрданӣ тасаввур кард.
Баъд аз фавти шахс маросимҳои сартахтагӣ, себегоҳӣ, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, чил, шашмоҳагӣ, сол ва ниҳоят хотирҷамъӣ соҳибони майитро сахт дар ташвиш мегузоштанд ва ба қавли мардум “болои мурда сад чӯб” мешуданд.
Бинобар ин, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иловаҳо ворид шуданд, ки тавзеҳи онро мо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 июли соли 2017 дар мулоқот бо фаъолон ва роҳбарону сокинони кишвар шунидем. Зикр кардан бамаврид аст, ки агар даҳ сол муқаддам сари роҳи ин зиёдаравиҳо бо роҳи қонунӣ гирифта намешуд, шояд вазъи мардуми кишвари мо аз баъзе кишварҳои африқоӣ бадтар мегардид.
Бояд гуфт, ки бисёр анъанаҳои хурофотӣ, ки ба ягон оини мо, тоҷикон ва дигар мусулмонони рӯи дунё алоқамандӣ надоранд, солҳои зиёдест қомати шаҳрвандони моро хам намудаанд.
Тавре ки гуфтем, баъд аз фавти шахс барои хонаводаи майит зарур меомад, ки чандин маъракаи калон - ҳафт, бист, чил, шашмоҳагӣ ва солро доир намоянд. Ҳарчанд шариати ислом баргузории ин гуна маъракаҳоро ҳатмӣ намедонад. Тибқи пешниҳодҳои охир, минбаъд ҳама гуна маъракаҳои азодории дар боло зикршуда бо дуову фотеҳа ва бе таом баргузор мегарданд. Шаҳрванд метавонад хайру эҳсон намояд, вале ба шакли дигар, ба монанди дастгирии ятимон, камбизоатон, пиронсолон ва ё обод намудани роҳҳо, кӯпрукҳо, таъмири мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва амсоли онҳо, ки бо чунин корҳо метавонад соҳиби савоби бештар гардад.
Бояд зикр кард, ки баъд аз қабули қонун ва дар давоми 10 соли амали он натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд, вале, мутаассифона, баъзан ҳолатҳои аз ҷониби мансабдорону соҳибкорон ва нафарони соҳибнуфуз вайрон карда шудани қонуни танзим ба назар мерасид.
Таъкиди Пешвои миллат дар мулоқоти охири хеш ба ин нукта, ки назорати қонун ва қонуншиканиҳо барои мансабдорону тоҷирон пурзӯр карда шавад ва мансабдор метавонад барои нақзи қонун аз вазифа сабукдӯш шавад, соҳибкор барои ин амалаш даҳ баробар бештар аз шаҳрванди оддӣ ҷаримабандӣ гардад, механизми хубест барои пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт.
Боиси ифтихори кишвари мост, ки дар он нахустин иқдомот барои пешгирӣ аз исрофкориву аз зери бори гарони қарзу ҳар гуна хурофот озод кардани мардум тавассути қонун ба роҳ монда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво