ШСХК «Барқи Тоҷик»: нархи барқ дар мамлакат шуруъ аз 1 октябр тағйир меёбад

Маркази матбуоти Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи (ШСХК) «Барқи Тоҷик» иттилоъ медиҳад, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» аз 29 августи соли ҷорӣ дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ тағйирот ворид карда шуд. Шуруъ аз рӯзи 1 октябри соли равон дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт/соат неруи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти ин ширкат хабар доданд, баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист. Пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт/соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт/соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт/соат барои аҳолӣ ҳамагӣ 2,2 дирам боло бардошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки бо вуҷуди ин тағйирот, бино ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, имрӯз нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои узви ИДМ арзонтарин боқӣ мемонад.

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво