22 июн 2018, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Майдончаи варзишӣ ва солимгардонӣ – ҳадя ба сокинони Душанбе

160
Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи М. Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишию солимгардонӣ ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи он муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумъазода, Раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода, сокинони маҳалла ва фаъолон иштирок намуданд.
Майдончаи варзишӣ ва солимгардонӣ – ҳадя ба сокинони Душанбе

Аайвону нишастгоҳҳои замонавӣ барои сокинон, майдончаҳои бозии футбол, волейбол ва баскетбол баҳри ҷавонону наврасон ва таҷҳизоти гуногуни бозӣ барои дилхушии кӯдакон аз қисматҳои асосии ин майдончаи солимгардонӣ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, майдончаи варзишӣ бо маблағи 789 ҳазор сомонӣ аз тарафи Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ сохта шуда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ба сокинони кӯчаи Шерализодаи ноҳияи Сино дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ туҳфа гардид.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво