29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соли нави таҳсил дар бинои замонавӣ

2894
Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон аз бинои кӯҳна, ки дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бунёд ёфта буд, ба бинои нав кӯчиданд.
 Соли нави таҳсил дар бинои замонавӣ

Яке аз омӯзгорони собиқадори деҳа Даврон Сулаймонов гуфт, ки «бештар аз 50 соли умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф кардам ва ҳамеша аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар биноҳои хуштарҳу замонавиро дида, орзу мекардам, ки замоне расаду кӯдакону наврасони деҳаи мо ҳам дар чунин биноҳо таълим гиранд.
Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат мо соҳиби чунин таълимгоҳи аз ҳар ҷиҳат зебо гардидем. Илова бар ин, таълимгоҳ бо таҷҳизоти муосири технологӣ таъмин аст, ки дар шароити кунунӣ бе технологияи муосир ба воя расондани кадрҳои хубу варзида ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ Пешвои миллат зимни суханронӣ дар назди омӯзгорону донишҷӯёни Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бори дигар аз аҳамияти омӯзиши фанҳои дақиқ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки «дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ мебошад».
Бинои мазкур бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бунёд ёфта, барои сохтмони он 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво