19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК – ДАР МЕҲМОНИИ СҲШ ДАР ПЕКИН

2073
30 август дар доираи «Рӯзҳои дарҳои кушод» дар қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Пекин вохӯрии Котиби генералии СҲШ бо тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар доираи ин боздид хонандагон аз дидани Осорхонаи дарахтони сангшуда дар ҳавои кушод дар Урумчи, Осорхонаи ҳайкалҳои сафолии ҷанговарон ва аспон дар назди мадфани император Синшихуана дар Сиан, Девори бузурги Чин, майдони Тянанмен ва шаҳри мамнуъ дар Пекин таассуроти зиёд бардоштанд.

«Чин — ҳамсояи бузурги мост, мо хурсандем, ки ба орзуи худ расидем ва ба Чин омадем. Аз ҳама муҳим, дар ин сафар мо дӯстони нав пайдо кардем ва дар оянда бо онҳо муоширатро давом хоҳем дод», — ибрози ақида намуд Мадина Султонова аз номи ҳамаи тарбиятгирандагон.

«Ба боздиди шумо аз қароргоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мо чун ба таваҷҷуҳи ҳамаҷониба ба ояндаи шумо баҳо медиҳем, зеро шумо намояндаи воқеии «Насли СҲШ» мебошед. Маҳз Шумо метавонед идеяи «рӯҳияи Шанхай» ва арзишҳои онро дар давоми ҳаёт амалӣ намоед»,- гуфт Котиби генералии СҲШ Рашид Олимов дар вохӯрӣ бо хонандагони тоҷик.
ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК – ДАР МЕҲМОНИИ СҲШ ДАР ПЕКИН

Рашид Олимов ба саволҳои хонандагон ҷавоб дода, ба онҳо расидан ба ҳадафҳоро таманно намуд.

Хонандаи синфи 9-уми Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Раҳимов зикр намуд, ки тамошои Чин ва боздид аз қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай дар хотираи ӯ абадан нақш мебанданд.

Директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб Роҳилаи Нурмаҳмадзода аз номи хонандагон таъккид намуд, ки «насли СҲШ ба боварӣ сазовор хоҳал гардид».

Зимни боздид хонандагони тоҷик аз бинои маъмурии СШҲ, толори Оинномаи Созмони Ҳамкории Шанхай, толорҳои пойтахтҳои давлатҳои аъзои СҲШ, маҷмааи намоишиву фарҳангии «Рӯҳи Шанхай», «Санги СҲШ », «Дарахти СҲШ» дидан намуда, дар гулбоғи СҲШ сайру гашт карданд.

20 нафар писарону духтарон аз хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Баъзеи онҳо падар ё модар надоранд ва бархеи дигарашон ятими кулл мебошанд.

Сафари хонандагон бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати намояндагиҳои дипломатии Чин ва Тоҷикистон амалӣ гардид.

Сафари тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин то 4 сентябр идома меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво