16 октябр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Тартиби нави баргузории тӯю маъракаҳо

409
Тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имрӯз аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфт, вақти баргузории маъракаҳо дар ҷумҳурӣ бо тартиби нав пешбинӣ шудааст.

Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8-и субҳ то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот, аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо мисли пештара то се соат муқаррар гардидааст.

Инчунин моддаи 14 қонуни миллӣ масъалаи бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳоро ба танзим дароварда, тибқи он дар радифи соҳиби маърака роҳбарони тарабхонаю тӯйхонаҳо ҳам вобаста ба назорати шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо масъул мебошанд.

Ҳамзамон ба қонун боби нави 41 илова шудааст, ки дар он масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои муқаррароти он, хабардор намудани мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин ҳифзи рукнҳои фарҳанги миллӣ — забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ пешниҳод гардидаанд.

Моддаи 15 қонун дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он дар баробари ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз мансаб озод намудани шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои риоя накардани талаботи қонун аз ҷониби худи онҳо ва ё фарзандонашон пешбинӣ гардидааст.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво