29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакилони Парлумон Созишномаи қарзӣ байни Фонди саудии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

843
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудан илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди саудии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Шӯро таъкид гардид, ки Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як зумра мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди Саудии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 17 майи соли 2017 дар шаҳри Ҷидда ба имзо расидааст.

Созишномаи мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2017, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуда буд.

Созишномаи мазкур аз муқаддима ва 8 модда иборат буда, бо мақсади рушд ва беҳтар гардонидани таҳсилоти умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавассути сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии якчанд мактаб дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон Созишномаи қарзӣ оид ба Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як зумра мактабҳои миёна (марҳилаи чорум) байни Фонди Саудии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво