29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Низомномаи намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт»

1697
Низомномаи  намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт»
[73,83 Kb] (cкачиваний: 15)


Замимаи 3

Бо фармоиши Раиси Кумитаи
меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» июни соли 2017
№57/ф тасдиқ шудааст


НИЗОМНОМАИ
намоиш-озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт”


1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намоиш-озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт” (минбаъд-Низомнома) барои гузаронидани намоиш-озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт” ҳуҷҷатӣ асосӣ буда, вазъи ҳуқуқӣ, тартиби ташкил, функсия, вазифа ва расмиётҳои асосии баргузории онро муайян менамояд.
2. Намоиш-озмун бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи он, дигар ташкилоту идораҳои соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
3. Дар кори намоиш-озмун ҳамчун Гурӯҳи ташаббускор корхона ва ташкилотҳои зерин ҷалб карда мешаванд:
- Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ”- и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ПИЛҶ САНИИОСП”;
- Раёсати масолеҳи сохтмонии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба талаботи регламенти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар саноати вазнини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муассисаи давлатии “Рӯзномаи бинокорон”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маҷаллаи илмӣ, оммавӣ ва фарҳангии „Меъморӣ“-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Намоиш-озмун бо мақсади муайян намудани истеҳсолкунандаи хишти беҳтарин ва муаррифӣ намудани он ба истифодабарандагони ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
5. Ҳадафи намоиш-озмун, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмон дар ҷумҳурӣ ба воситаи рақобатпазир ва баланд намудани пайвастагии истеҳсолкунанда бо истеъмолкунандаю Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни корхонаҳои истеҳсолкунандаи хишт, ки маҳсулотҳои худро ба бозори фурӯш пешниҳод менамоянд.
6. Намоиш-озмун барои объективона муаррифӣ намудани беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт дар ҷумҳурӣ асос шуда, истеҳсол ва истифодаи маҳсулоти босифатро дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуда барои интихобу таъмини талаботи истифодабарандагон ёрии бемайлон расонида, дар тарғибу ташвиқи корхонаҳои беҳтарин ҳиссагузорӣ менамояд.

2. ШАКЛИ НАМОИШ-ОЗМУН

7. Намоиш-озмун кушода ва объективона гузаронида мешавад.
8. Озмун барои иштироки ҳама намуди корхонаҳои истеҳсолкунандаи хишт новобаста аз намуди соҳибкорӣ, шакл, ҷойгиршавии корхона, шумораи коргарон ва таҷрибаи истеҳсолию бозори фурӯши маҳсулот кушода мебошад.
9. Ғолиби озмуни “Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт” объективона дар асоси санҷишҳои гузаронидашуда бо пешниҳоди сертификат, санади санҷиши озмоишии сифати хишт ва дигар пешниҳодҳо муайян карда мешавад.
3. ТАРТИБИ ТАШКИЛИ НАМОИШ-ОЗМУН,
КОРҲОИ ТАШКИЛӢ

10. Барои ташкил ва гузаронидани намоиш-озмун, таъмини риояи қоида ва талаботҳои низомномаи мазкур кумита ва шуроҳои зерин таъсис дода мешавад:
- Кумитаи тадорукот;
- Шурои экспертӣ;
- Шурои назоратӣ.
11. Кумитаи тадорукоти намоиш-озмун аз ҳисоби намояндагони ташкилоту идораҳои ташаббускор, раиси Шурои экспертӣ ва назоратӣ, ки корҳои омодагӣ, ташкил ва гузаронидани онро ба уҳда доранд, ташкил карда мешавад.
12. Ҳайати Кумитаи тадорукот бо протоколи маҷлиси гуруҳи ташаббускорӣ намоиш-озмун тасдиқ карда мешавад.
13. Кумитаи тадорукот ваколатҳои зерин дорад:
- тасдиқи шартҳо, маблағи иштироки корхонаҳо дар намоиш-озмун;
- тасдиқи номгӯи ҳуҷҷатҳои аз тарафи иштироккунандагон ба намоиш-озмун пешниҳодшаванда;
- тасдиқи ҳайати шӯроҳои экспертӣ ва ҷамъиятӣ;
- дар ҳолати зарурӣ таъсис додани Гуруҳи муваққатии корӣ;
- протоколгузории қарори Шурои экспертии намоиш-озмун;
- роҳбарии омодасозии ҳаракатҳои гуруҳҳои кории намоиш-озмун, гуруҳҳо ва иштирокчиёну ҳамрадифони намоиш-озмун;
- амалӣ намудани дигар чорабиниҳое, ки барои шаффоф гузаронидани намоиш-озмун, объективона қабул намудани қарори экспертҳо ва баланд бардоштани сатҳу зарурияти гузаронидани он асос шуда метавонанд.
14. Кумитаи тадорукот ҳуқуқҳои зерин дорад:
- рад намудани иштироки корхонаҳое, ки ба талаботи низомнома ҷавобгуй нестанд;
- роҳ надодани иштирокчии намоиш-озмун барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда, ҷавобгӯ набудан ба талабот ва дигар шартҳои намоиш-озмун;
- ҳангоми интихоби ғолибон, дар ҳолатҳои ба миён омадани норозигиҳо, вайрон кардани расмиёти баргузории намоиш-озмун, даъват намудани маҷлиси Шурои назораткунандагон.
15. Кумитаи тадорукот вазифаҳои зерин дорад:
- ташкил намудани шароити якхела барои ҳамаи иштирокчиён;
- муҳайё намудани шаффофияти гузаронидани намоиш-озмун.
16. Кумитаи тадорукот барои роҳ надодани камбудиҳо оиди қоида, шакли тайёрӣ ва гузаронидани намоиш-озмун дар асоси низомномаи мазкур ҷавобгар мебошад.
17. Кумитаи тадорукот дар бораи таъин намудани ташкилотчии техникӣ, ки корҳои зеринро иҷро мекунад қарор қабул мекунад:
- корҳои ташкилӣ оиди гузаронидани намоиш-озмун;
- гузаронидани корҳои рекламавию-ташвиқотӣ;
- ҷалби иштирокчиён ва шарикони намоиш-озмун;
- ҷамъ намудани муроҷиат ба намоиш-озмун ва маводҳо, тафтиши пуррагии онҳо ва пешниҳод намудан ба шӯрои экспертӣ;
- ташкили тайёрӣ ва ҷамъи хулосаҳои экспертӣ;
- ташкил ва гузаронидани маъракаи супоридани ҷоизаҳо;
- ташкили таъмини корҳои ташвиқотӣ ва ҳамкории ташкилкунандагону иштирокчиёни озмун;
- ҳалли корҳои оперативӣ вобаста ба гузаронидани намоиш-озмун;
- харҷи маблағҳои барои гузаронидани намоиш-озмун аз ҳисоби маблағи ҳаққи аъзогии иштирокчиён ва аз ҳисоби маблағи дигар ҳиссагузорон ҷамъ шудааст;
- тайёрии гузаронидани ҷаласаи шуроҳои Кумитаи тадорукот,экспертӣ ва назоратӣ;
- тайёрии маводҳои тарғиботӣ, маълумот дар бораи ғолибони намоиш-озмун ва пешниҳоди онҳо барои паҳн ба воситаҳои ахбори умум;
- тайёрӣ ва чопи маводҳои тарғиботӣ оиди маҳсулотҳои ғолибони намоиш-озмун ва гузаронидани семинару дигар чорабиниҳо барои иштирокчиён ва шарикони намоиш-озмун.
18. Шурои экспертӣ аз ҳисоби намояндагони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, озмоишӣ лоиҳакашӣ, донишкадаҳои сохтмонӣ ва ташкилотҳои сохтмонии ҷумҳурӣ омода карда шуда, ҳайати он дар Кумитаи тадорукоти намоиш-озмун тасдиқ карда мешавад.
19. Кори шӯрои экспертӣ дар асоси объективона ва новобастагӣ ба роҳ монда шуда, аъзоёни он ҳамчун иштирокчии намоиш-озмун баромад карда наметавонанд.
20. Шурои экспертӣ корҳои экспертизаи касбии маҳсулотҳои пешниҳодкардаи иштирокчиёни намоиш-озмунро мегузаронад.
21. Интихоби ғолибони намоиш-озмун аз тарафи мутахассисони таҷрибадори соҳа, ки донандаи технологияи коркард, истеҳсол ва истифодаи хишт мебошанд муайян карда мешавад. Дар раванди интихоби ғолибон ғайр аз сифату технологияи коркард, ҷавобгуйии ченакҳои геометрӣ инчунин сатҳи истифодаи маҳсулотҳои истеҳсолкардаи корхона дар сохтмони бинову иншоотҳо ба инобат гирифта мешавад.
22. Шурои экспертӣ ваколатҳои зерин дорад:
- номгӯи маводҳои аз тарафи иштирокчиён ба намоиш-озмун пешниҳодшавандаро тасдиқ мекунад (замимаи1);
- санҷиши маводҳои ба намоиш-озмун пешиҳодшударо тибқи талаботҳо ва пуррагии онҳоро дида мебарояд;
- экспертизаи химикӣ, физикию техникии хусусиятҳои маводҳои пешниҳодшударо гузаронида баҳоҳои арзандаро тибқи талаботҳо гузошта хулосаи нисбати онҳо мегузорад;
- сатҳи корию истеҳсолӣ,ободонӣ ва маданияти корбарии корхонаҳоро тибқи талабот баҳогузорӣ мекунад;
- дигар маводҳои пешниҳодкардаи иштирокчиёни намоиш-озмунро омӯхта, баҳогузорӣ менамояд;
- дар асоси хулосаҳо нисбати эълони ғолибон қарор қабул мекунад;
- ба иштирокчиён нисбати қарорҳои қабулкарда маълумотҳои хаттӣ пешниҳод менамояд;
- дар ҳолати пайдо шудани баҳсҳо, маводҳоро бо иштироки Шурои назоратӣ аз нав дида мебарояд.
23. Шурои назоратии намоиш-озмун ҷузъи назоратӣ оиди риояи қоидаҳои асосӣ ва талаботҳои низомномаи мазкур дар бораи намоиш-озмун мебошад.
24. Шурои назоратӣ ҳамчунин вазифаи суди ҳакамиро дар ҳолати баҳсҳо байни иштирокчиён ва Шурои экспертии намоиш-озмун нисбати муайян намудани ғолибон низ иҷро мекунад.
25. Шурои назоратии намоиш-озмун аз ҳисоби намояндагони собиқадори вазорату идораҳои дахлдор, пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, озмоишӣ ва таълимии ҷумҳурӣ, лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, ташкилоту идораҳои давалатӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ интихоб карда мешавад.
26. Шурои назоратӣ барои як давра интихоб карда мешавад.
27. Ҳайати Шурои назоратии намоиш-озмун аз тарафи Кумитаи тадорукот муайян карда шуда, бо протоколи маҷлис тасдиқ карда мешавад.
28. Ба ҳайати Шурои назоратӣ аз 5 то 7 нафар шахс дохил мешавад.
29. Қарори Шурои назоратии намоиш-озмун дар ҳолати иштироки на кам аз 3 нафари аъзоён қобили қабул мебошад.
30. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи намоиш-озмун барои гузаронидани он шарикони зерин таъсис дода мешаванд:
- шарики генералии намоиш-озмун;
- шарики расмии намоиш-озмун;
- шарики тарғиботии намоиш-озмун;
- шарикони ҷудогона.
31. Ба сифати шарики генералии намоиш-озмун метавонад ягона корхона пешсафи истеҳсолии баруманди соҳа баромад кунад.
32. Барои иштирок ба сифати шарики расмии намоиш-озмун то се корхонаи истеҳсолии пешсафи соҳа ҷалб карда мешаванд.
33. Ба сифати шарикони тарғиботии намоиш-озмун воситаҳои пешсафи ҷамъиятию сиёсӣ ва касбӣ даъват карда мешаванд, ки аз рафти ташкилӣ гузаронидан ва ҷамъбасти он хабарҳо дарҷ мекунанд.
34. Барои иштирок дар намоиш-озмун метавонанд дигар ташкилотҳое, ки таҷрибаашон барои иштирокчиён ва ташкилкунандагон муфид мебошад ҷалб карда шаванд.
35. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шарикони намоиш-озмун муайян карда, тариқи шартнома анҷом дода мешавад.

4. НИШОНАИ НАМОИШ-ОЗМУН

36. Нишонаи намоиш-озмун хусусияти хосу хусусии ташкилкунандагон буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид муаллифӣ ҳимоя карда мешавад.
37. Қоидаи истифодабарии нишон тибқи қарордоди махсус байни ташкилкунанда ва ғолибони намоиш-озмун муқаррар карда мешавад.
38. Нишонаи намоиш-озмун дар рӯи маҳсулоти ғолиби намоиш-озмун, дар маводҳои тарғиботӣ, ки бахшида ба масолеҳои ғолибони намоиш-озмун бахшида мешавад (нашр, телевизион ва маводҳои тарғиботии беруна) истифода мешавад.
39. Соли дар нишона нишондодашуда, бояд ба соли ғолиби Намоиш-озмун гузашташуда мувофиқ бошад.
40. Истифода бурдани нишонаи намоиш-озмун иҷозат дода намешавад:
- ба корхонаҳое, ки дар намоиш-озмун иштирок накардаанд;
- дар маҳсулоти корхонаҳое, ки ғолиби намоиш-озмун дониста нашудаанд;
- истифодаи нишона бо таъғйир додани сол.
41. Ба ғайр аз намояндагии муайяни асосии корхонаҳои ғолиби намоиш-озмун, ки маҳсулотҳои онҳоро муаррифӣ мекунанд. Дар дигар ҳолатҳо истифодаи нишона манъ аст.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР НАМОИШ-ОЗМУН

42. Ҳуқуқи иштирок карданро тамоми шахсони юридикӣ доранд.
43. Корхонаи иштирокчӣ ҳақ дорад, ки ба намоиш-озмун як ва ё якчанд намуди маҳсулоти худро пешниҳод намояд.
44. Пешниҳоди маҳсулотҳои корхона бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки барои истифода дар ҷумҳурӣ зарӯранд дошта бошад.
45. Корхона-довталаб бояд дар муҳлати гузаронидани намоиш-озмун муроҷиати худ ва анкетаи муайянкардашударо пешниҳод намояд.
4.5. Маълумоти пурра дар бораи маҳсулотҳои ба намоиш-озмун пешниҳод кардашудаи корхона ҳамчунин илова карда мешавад.
46. Пас аз пешниҳоди муроҷиат барои иштирок ба Кумитаи тадорукоти намоиш-озмун, иштироккунанда бо Кумитаи тадорукот шартнома баста пас аз пардохти маблағи ташкилӣ, ки Кумитаи тадорукот муайян кардааст, баъд расман иштирокчии намоиш-озмун мегардад.
47. Муроҷиаткунанда вазифадор мешавад, ки ба Кумитаи тадорукот маҷмуи ҳуҷҷатҳои асосиро тибқи шартҳои иштирок, дархост, анкета ғайр аз ин дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи корхонаро дар давоми 20 рӯзи корӣ аз рӯзи имзои шартнома ва на дертар аз рӯзи охирони қабули дархост пешниҳод намояд.
48. Иштирокчиёни намоиш-озмун ҳуқуқҳои зерин доранд:
- гирифтани маълумот дар бораи шароит ва тартиби гузаронидани намоиш-озмун;
- муроҷиат намудан ба Кумитаи тадорукот оиди фаҳмонида додани бандҳои низомномаи мазкур;
- баргардонида гирифтани дархост аз Кумитаи тадорукот тибқи муроҷиати расмӣ на дертар аз ду ҳафта пеш аз рӯзи тамомшавии қабули дархост;
- дар ҳолати ғолибият дар намоиш-озмун иштирок намудан дар супоридани ғолибиятҳо;
- дар ҳолати мағлубият-гирифтани маълумот ва сабабҳо аз Кумитаи
тадорукот.
49. Иштирокчиёни намоиш-озмун уҳдадориҳои зерин доранд:
- пешакӣ шинос шудан ба мақсади намоиш-озмун, омӯхтани талаботҳои ба иштирокчиён пешниҳодшаванда;
- дар вақти муайянкардашуда бо пуррагӣ тибқи талаботҳо пешниҳод намудани маводҳо;
- риоя кардани қоида ва талаботҳои дар низомномаи мазкур дарҷ шуда.
50. Иштирокчиёни намоиш-озмун масъулияти зерин доранд:
- барои дуруст пешниҳод накардани маълумотҳои дар дархост нишондодашуда;
- барои риоя накардани шарт, қоида ва тартиботи нишондодашудаи низомномаи мазкур.
- барои вайрон кардани талаботҳои болозикр Кумитаи тадорукот метавонад ҳуқуқи иштирокро дар намоиш-озмун уҳдадориҳои зерин доранд: қатъ намояд. Камбудиҳои пайдокардашуда бо тариқи протокол қайд карда шуда аз тарафи Кумитаи тадорукот ба иштирокчии расман хабар дода мешавад.

6. НОМИНАТСИЯ ВА ДАРАҶАҲОИ НАМОИШ-ОЗМУН

51. Номгӯи номинатсияҳо махфӣ буда аз тарафи Кумитаи тадорукот муайян карда мешавад. Бо ташаббуси аъзоёни Шурои экспертӣ ва шарикони намоиш-озмун метавонанд номинатсияи махсус дохил намуда, шартҳои иштирокро дар он бо тариқи иловагӣ ба низомнома дохил намоянд.
52. Дараҷаи маҳсулотҳои намоиш-озмун бояд ба сертификати мувофиқат, ки дар асоси талаботҳои ГОСТ-2012 дода мешавад мувофиқат намояд.
53. Номгӯи дараҷаи маҳсулотҳо кушода буда, иштирокчиён метавонанд онро дар мувофиқа васеъ намоянд.
54. Иштирокчиён метавонанд номинатсия ва дараҷаи дар он иштирокро интихоб намоянд. Кумитаи тадорукот метавонад барои таъғйир додани иштироки маҳсулот дар номинасияҳо пешниҳод намояд, агар номувофиқӣ пайдо шавад.
55. Номинатсияҳои пешниҳодшаванда инҳо мебошанд:
- беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт-2017;
- истеҳсолкунанда бо ҳаҷми калонтарин;
- заводи беҳтарин;
- сифати хишти беҳтарин.
1) Номинатсияи махсус:
- истеҳсоли хишти ороишӣ.
2) Номинатсияи берун аз намоиш-озмун:
- истеҳсоли хишти оташтобовар.

7. ТАРТИБИ ИНТИХОБИ ҒОЛИБОН ДАР НАМОИШ-ОЗМУН

56. Тартиби интихоби ғолибони намоиш-озмун аз марҳилаҳои зерин иборат мебошад:
- экспертизаи новобастаи маводҳои пешниҳодшудаи иштирокчиён;
- бо тартиби пешниҳоднамудаи намоиш-озмун, дастрас шудани маводу ҳуҷҷатҳо дар асоси шартҳои намоиш-озмун.
57. Шурои экспертӣ нисбати ташкили истеҳсолот ва хусусиятҳои маҳсулотҳои корхонаҳо маълумотҳои зеринро ҷамъоварӣ менамояд:
- сатҳи ташкили истеҳсол дар корхона;
- бартарии ҷадвали назорати сифат дар корхона;
- ҷадвали тарзи кор бо норозигии истифодабарандагон;
- тарзи дастгирии истифодабарандагон ва муомила;
- риояи талаботҳои ҳифзи муҳофизати меҳнат, экологӣ ва дигар талаботҳо дар корхона;
- дастрасии таҷрибаи пешқадами истифодаи маҳсулотҳои пешниҳодшуда дар иншоотҳои сохтмонии ҷумҳурӣ;
- ташвиқот ва миннатдорӣ аз тарафи истифодабарандагон;
- доимӣ нигоҳ доштани сифати маҳсулоти корхона;
- хусусиятҳои истифодабарии маҳсулот ва ғайра.
58. Барои санҷиши тасдиқи маводҳои аз тарафи корхона тибқи банди 57 пешниҳодшуда, намояндагони Шурои экспертӣ ва Кумитаи тадорукот метавонанд ба корхона ташриф намоянд.
59. Дар ҷамъбаст тафтишгари Кумитаи тадорукот корхонаро тибқи талаботҳои гузошташуда натиҷагирӣ намуда, маҳсулоти пешниҳодшударо баҳогузорӣ менамояд.
60. Гузаронидани Экспертизаи химиявӣ, физикию техникии хусусиятҳои маҳсулотӣ ба намоиш-озмун пешниҳод карда мешаванд.
61. Дар давраи гузаронидани экспертиза хусусиятҳои маҳсулоти ба намоиш-озмун пешниҳод карда шуда, нишондиҳандаҳои он бо нишондиҳандаҳои нормативии дар ҷумҳурӣ муайян карда шуда, муқоиса карда мешавад.
62. Нишондиҳандаҳои муайянкардашудаи ҳар як маҳсулоти корхона, дар асоси протоколи санҷишӣ ба қайд гирифта мешавад.

8. ТАРТИБИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ҒОЛИБОНИ НАМОИШ-ОЗМУН

63. Дар асоси хулосаи пешниҳоднамудаи Шурои экспертӣ муқоисакунии баҳоҳои экспертҳои гузаронидашуда, хулосаи ниҳоии баҳои маҳсулот гузошта мешавад. Корхонае, ки аз ҳама баҳои баландро соҳиб мешавд, корхонаи ғолиб ҳисобида мешавад.
64. Барои муайян намудани баҳои ҷамъбастӣ ҳолатҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:
- муқоисаи хусусиятҳои химиявӣ, физикию техникии маҳсулотҳои дар номинатсия ва дараҷаҳо пешниҳод шуда -80 фоиз баҳо;
- баҳои экспертии сатҳи ташкили кории корхона ва аз он ҷумла хусусиятҳои харидории маҳсулот -20 фоиз баҳо.
65. Баҳогузории афзалиятнокӣ бо чунин тарз гузошта мешавад: ҳар як эксперт баҳои афзалиятнокии маводҳои пешниҳодшударо тибқи системаи баҳодиҳии аз 1 то 5 баҳогузорӣ мекунад. олҳои гузошташуда ҷамъ карда шуда, баҳои миёнаи афзалнокии он бароварда мешавад, ки барои қарори ҷамъбастӣ асос мешавад.

9. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲӢ ДАР НАМОИШ-ОЗМУН

66. Принсипҳои асосии ҷамъбасти экспертии маҳсулоти ба намоиш-озмун пешниҳодшуда ва муайян намудани ғолибон дар номинатсияҳои он:
67. Маҳсулотҳои дар намоиш-озмун иштироккунанда бояд талаботҳои стандартҳо, ГОСТ-2012 ва дигар ҳуҷҷатҳои техникиро қонеъ намоянд.
68. Шурои экспертӣ маҳсулотеро ғолиб меҳисобад, ки хусусиятҳои химиявӣ, физикию техникӣ ва талаботҳои харидории он нисбати дигар маҳсулоти пешниҳодшуда бартарии хосро доро бошад.
69. Дар ҳолати баробар шудани нишондиҳандаҳои маҳсулотҳои корхонаҳо бартарӣ ба корхонаҳои аз ҷиҳати ободонӣ ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз буда, ба инобат гирифта мешавад.
70. Қарор дар бораи муайян намудани ғолиб аз тарафи Шурои экспертӣ бо тарзи оддии гирифтани овозҳои бисёр қабул карда мешавад. Дар ҳолати баробар тақсим шудани овозҳои аъзоёни Шуро қарори хотимавиро, раиси Шуро қабул мекунад.
71. Дар ҳолати пешниҳод намудан, танҳо ба як намуди маҳсулот, Шурои экспертӣ метавонад ғолибро аз ҳисоби баланд будани нишондиҳандаҳои химиявӣ, физикию техникии он нисбати нишондиҳандаҳои муқаррарӣ, ғайр аз ин дар истифода ва фурӯш мавҷуд буда муайян карда мешавад.
72. Принсипҳои асосии экспертизаи ҷамъбастии маҳсулотҳои ба намоиш-озмун пешниҳодшуда ва муайян намудани ғолибон дар номинатсияҳои махсус.
73. Дар номинатсияҳои берун аз намоиш-озмун, қарор дар бораи эътироф намудани маҳсулоти ғолибро Шурои экспертӣ такя ба асосҳои пешниҳод кардаи иштироккунандагон, ки маълумотҳо тибқи талаботи шартҳои низомномаи мазкур тасдиқ шудаанд қабул карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво