23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат

818
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода додани бинои 20 ошёнаи истиқоматӣ, бо буридани лентаи рамзӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдатро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин бино бо маблағи умумии 8 млн. 970 ҳазор сомонӣ бо ҷалби 60 нафар сохтмончии маҳаллӣ давоми се сол бунёд ёфтааст. Санги асоси ин биноро ҳанӯз 6-уми сентябри соли 2015 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд ва инак дар рӯзи таҷлил аз ҷашни 20 — солагии Ваҳдати миллӣ он аз ҷониби Роҳбари давлат ба кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат туҳфа карда шуд.

Иншооти мазкур аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2 ҳазору 518 метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Пудратчии асосии иншоот Корхонаи давлатии сохтмону васлгарии №2-и Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба корҳои алоҳидаи иншоот ҶДММ “Насби Нур”, ҶДММ “НЕКО” ва ҶДММ “Сохтмони Кӯлиён” низ ҷалб шудаанд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, иншооти зикргардида аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он толори маҷлис барои беш аз 100 ҷойи нишаст, ошхона, толори машқ, 50 ҳуҷраи корӣ, мошинсаро барои нигоҳдории 4 техника ва биноҳои ёрирасон, таваққуфгоҳ барои 18 автомашина ҷой гирифтааст.

Зимни боздид аз бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони мақомотро ба иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳои бар уҳда доштаашон даъват карданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво