28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ

2983
Рӯзи 5 октябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласа меъморон, сохтмончиён роҳбарони зерсохтор ва кормандони Кумита иштирок намуданд.

Саидзода Нуралӣ Ғиёс-муовини аввали Раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ меъморонро бо иди касбиашон табрик намуда, аз таърихи меъмории тоҷик ва дасттовардҳои меъморон дар ин самт инчунин сохтмонҳои азими кишвар, ки дар онҳо санъати меъмории тоҷик бараъло инъикос гардидааст, маърӯза баён намуд.

Баҳром Юсуфов-раиси Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ иброз дошт, ки Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ соли 1985 аз тарафи Иттифоқи Байналхалқии Меъморӣ таъсис дода шуд. Қаблан Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ 1 июл қайд гардид ва соли 1996 дар Барселлона баъд аз қабули қарор Рӯзи Умумиҷаҳонии меъморӣ ҳамасола аввали рӯзи душанбеи моҳи октябр қайд карда мешавад. Иттифоқи Байналхалқии Меъморон соли 1948 дар шаҳри Лозанна (Швейтсария) бо дастгирӣ ва иштироки вакилони 27 давлати дунё ташкил гардид. Ҳоло Иттифоқи Байналхалқии Меъморон зиёда аз 120 давлатро сарҷамъ намуда, беш аз 1,5 миллион меъмор аъзои он мебошанд. Иттифоқи меъморони Тоҷикистон низ аз соли 2005 аъзои ин ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ мебошад.

Хушбахтона дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ шӯъбаи меъморӣ фаъолият карда истодааст. Донишҷӯён имкон доранд, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар касби меъмориро пурра омӯзанд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар факултети меъмории Донишгоҳи техникии Белоруссия 24 нафар донишомӯзони тоҷик, 9 нафарашон дар курси чорум ва 15 нафари дигар дар курси сейум касби меъмориро азхуд карда истодаанд.

Сипас аз ҷониби муовини аввали Раиси Кумита барои фаъолияти пурмаҳсулу самаранок ва саҳми босазою арзанда гузоштан дар рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон кормандони зерин бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Аминов Шамсулло Хуҷамуродович
Сардори Раёсати шаҳрсозии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Палванов Халимҷон Салимович
Меъмори дараҷаи 2 шӯъбаи истеҳсолии ҶСК «Шаҳрофар»

Икромов Ҷамшед
Меъмори дараҷаи 3 шӯъбаи меъморони ҶСК «Саноатсоз»

Тошмуҳаммадов Фаррух Қаҳрамонович
Меъмори шӯъбаи лоиҳакаши-комплексии ҶСК «Корезлоиҳа»

Базаров Музаффар Абдуллоевич
Муовини Директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Сохтмон ва меъморӣ»

Шаҳобов Миршариф
Сармеъмор-сардори шӯъбаи ташхисию лоиҳаҳо оид ба шаҳри Душанбеи КВД «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ

Нигматов Икромҷон Исматҷонович
Профессори кафедраи меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ

Исмакова Дина Акрамовна
Меъмории шӯъбаи шаҳрсозии ҶСК «Шаҳрофар»

Махсудинова Рухшона Хуршедовна
Меъмори гурӯҳи лоиҳакашии КВД «Лоиҳакаш»

Инчунин, Абдуворис Эшонов – Директори ҶДММ «Абрис» Қурчибек Юсупов - Раиси бахши иттифоқи меъморони вилояти Суғд, Қудратулло Маҳмадалӣ - Раиси бахши иттифоқи меъморони вилояти Хатлон

Ғайрат Аноров - Директори корхонаи лоиҳакашии «ГМ ва партнёрҳо»

Сидиқҷон Ҳалимов - меъмори дараҷаи 3-и шӯъбаи меъмории ҶСК «Саноатсоз» бо Ифтихорномаи иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳасаналӣ Суяров - Директори корхонаи лоиҳакашии «Археком» бо «Унвони фахрӣ»-и Иттифоқи меъморон Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Мухбири «РБ»

[center]Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво