29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагони Ширкати «Moody’s Investors Service» бо рафти корҳои сохтмонии НБО «Роғун» шинос шуданд

992
Намояндагони Ширкати «Moody’s Investors Service» бо рафти корҳои сохтмонии НБО «Роғун» шинос шуданд
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» ва коршиносони ширкати «Oppenheimer» барои шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ба НБО «Роғун» сафари корӣ анҷом доданд.

Директори генералии ҶСК НБО «Роғун» Хайрулло Сафарзода ба меҳмонон дар бораи сохтмони иншооти бузурги аср дар Тоҷикистон, корҳои дар ин самт анҷомшуда, таърихи оғоз ва рафти татбиқи лоиҳа, инчунин нақшаҳои минбаъда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Меҳмонон зимни сафари корӣ бо мутахассисони НБО «Роғун» мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот коршиноси ширкати «Oppenheimer» Натали Маршик зикр намуд, ки имкони аз наздик шинос шудан бо татбиқи лоиҳаи НБО «Роғун» барояш муҳим буд. «Раванди татбиқи лоиҳаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои зиёде дар ин сохтмон анҷом дода шудаанд ва таассуроти мо барои ҳамкории минбаъда имкон фароҳам хоҳад овард»,-афзуд Натали Маршик.

Қобили зикр аст, ки Ширкати рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» фаъолияти худро аз соли 1909 ба роҳ монда, ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ҳамкорӣ бо ин ширкат аз соли 2013 ба роҳ монда шуда, он рейтинги соҳибихтиёрии кишварро барои пайгирии минбаъда муайян менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво