29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Зиёда аз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Красноярски Россия Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн хоҳанд гирифт

758
Тоҷикони вилояти Красноярски Федератсияи Россия дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаро ба дӯстиву бародарӣ даъват менамоянд. Зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин вилоят кору фаъолият доранд, ин рӯзро таҷлил хоҳанд кард. Дар ин бора муовини раиси «Пайванд» (ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск) Ҳазаралӣ Асламов иттилоъ дод.

Номбурда зикр намуд, ки «дар вилояти Красноярск зиёда аз 30 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мекунанд. Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск соли 1997 таъсис ёфта, дар он 15 ҳазор нафар шаҳрвандони мо номнавис шудаанд».

Ба гуфти Ҳ. Асламов, « соли 2011 дар назди ҷамъият як Маркази ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаҳои ин ҷо таҳсил мекунанд, таъсис дода шуд. Дар чорабиниҳои ин марказ 130 нафар ҷавонони тоҷик фаъолона иштирок мекунанд, ки аз онҳо 50 нафарашон дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Красноярск таҳсил доранд».

«Ҳамаи чорабиниҳои ҷашние, ки баргузор мегарданд, дар якҷоягӣ бо ин Марказ гузаронида мешавад. Ҳамчунин ҳамаи анъанаҳои миллӣ, аз қабили тӯйи домодиву арусӣ ва хатнасур дастаҷамъона гузаронида мешаванд», — изҳор дошт Ҳ. Асламов

Тавре ӯ зикр намуд, ҷамъияти тоҷикони Красноярск иқдоми некро пеша карда, ҳамасола зимни истиқбол гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон ба дармондагон ва бошандагони хонаи ятимони вилоят сару либос ва хӯрока кӯмак менамоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво